Баёноти амири «Ҳизб-ут-таҳрир» муқобили хабарнигори Би-Би-Сӣ

Амири ҳизби ифротгарои «Ҳизб-ут-таҳрир» дар Тоҷикистон Шариф Яъқубов ба додани баёнот муқобили хабарнигори осиёмиёнагии Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов оғоз кард. Дар ҷаласаи додгоҳӣ, ки рӯзи 19-уми сентябр дар бинои додгоҳи вилоятии шаҳри Хуҷанд баргзор шуд, раисикунандаи мурофиа, муовини раиси додгоҳи вилоят Шодихон Назаров баёноти Шариф Яъқубовро қироат кард. Дар он Ш. Яъқубов шинос будани худ бо […]

Мавлуда Рафиева


Амири ҳизби ифротгарои «Ҳизб-ут-таҳрир» дар Тоҷикистон Шариф Яъқубов ба додани баёнот муқобили хабарнигори осиёмиёнагии Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов оғоз кард.

Дар ҷаласаи додгоҳӣ, ки рӯзи 19-уми сентябр дар бинои додгоҳи вилоятии шаҳри Хуҷанд баргзор шуд, раисикунандаи мурофиа, муовини раиси додгоҳи вилоят Шодихон Назаров баёноти Шариф Яъқубовро қироат кард. Дар он Ш. Яъқубов шинос будани худ бо рӯзноманигорро тасдиқ намуда, ҳамчунин изҳор кардааст, ки Усмонов аз афкору ғояҳои ҳизб дар бораи таъсиси давлати исломӣ пуштибонӣ мекардааст.

Дар навбати худ Ӯрунбой Усмонов тамоми ин гуфтаҳо, аз ҷумла робита бо Яъқубовро рад сохт. «Ин тӯҳмату иғво аст! Маро фиреб доданд, лекин кӣ буданашро намедонам», – изҳор кард журналист.

Усмонов ҳамчунин гуфт: «Ш. Яъқубов дар баёноти худ изҳор кардааст, ки ман ба ӯ ваъда додаам, ки маводи дар диктофон сабтшударо дар радиои «Озодӣ» ҷой диҳам. Аммо ман ҳеҷ гоҳ бо радиои «Озодӣ» ҳамкорӣ надоштам. Яке аз талаботи Би-Би-Сӣ он аст, ки агар дар Би-Би-Сӣ фаъолият дошта бошӣ, ба фаъолият бо дигар корпоратсияҳо мутобиқи шартнома ҳуқуқ дода намешавад».

Ба гуфтаи адвокати журналист Файзинисо Воҳидова, нишондоди Ш. Яъқубов қонунӣ нестанд, зеро ба тахмин асос ёфта, мухолифи якдигар мебошанд.

«Гузашта аз ин, тафтишот аз онҳо рӯ ба рӯ баёнот нагирифтааст, – гуфт ӯ. – Дар ин ҳолат рӯ ба рӯкунӣ барои бартараф сохтани мухолифатҳо зарур аст ва агар ин мухолифатҳо дар додгоҳ бартараф нашуда бошанд, масъала ба фоидаи айбдоршаванда ҳал мегардад. Аз ин рӯ, додрас ба сифати асоси айбдоркунӣ қабул кардани баёноти роҳбари ҳизби ифротгарои «Ҳизб-ут-таҳрир» дар Тоҷикистон Шариф Яъқубов ҳуқуқ надорад».

Адвокат ҳамчунин гуфт, ҷиҳати ба мурофиаи навбатӣ даъват кардани ду рӯзноманигор – раиси бахши Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Илҳоми Ҷамолиён ва хабарнигори сомонаи «Pressa.tj» Ленура Мустафоева, ки аввалин шуда бо Усмонов дар бинои КДАМ-и вилоят мулоқот карданд, дархост кардааст. «Онҳо мебоист пайҳои латукӯби Усмонов дар қисматҳои кушоди ҷисмаш, бахусус дар болои абрӯяшро медиданд», – иброз дошт Воҳидова.

Имрӯз ҷаласаи додгоҳӣ оид ба барасии парвандаи Усмонов идома меёбад. Дирӯз раисикунандаи мурофиа хабар дод, ки шояд имрӯз музокироти ҷонибҳо доир гардад.

Дар ҷаласаи додгоҳӣ сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Тревор Мур, намояндагони САҲА, АМВАОМТ, рӯзноманигорон, аз ҷумла намояндагони Би-Би-Сӣ иштирок доштанд.

Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Ӯрунбой Усмонов бо парвандаи ҷиноии чаҳор нафари гумонбаршуда ба узвият дар созмони «Ҳизю-ут-таҳрир» ба як истеҳсолот ҳамроҳ карда шуд, зеро нахуст айбдоршавандагон муқобили Усмонов баёнот дода, сипас ҳангоми сӯҳбати рӯбарӯ ва баъдтар дар ҷаласаи додгоҳӣ (16-уми август) аз он даст кашиданд. Онҳо ба гуноҳи худ иқрор шуда, ба додгоҳ изҳор карданд, ки узви созмони «Ҳизб-ут-таҳрир» мебошанд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 13-уми июни соли ҷорӣ Усмонов ба иттиҳоми узвият дар созмони фаъолияташ мамнӯъи «Ҳизб-ут-таҳрир» боздошт гардида, сипас ин айбдорӣ бекор ва айни замон ӯ барои ба мақомоти ҳукуматӣ хабар надодан дар бораи фаъолияти созмони мамнӯъ айбдор карда мешавад.

Пас аз як моҳ хабарнигор бо шарти тарк накардани қламрави маҳалли зист озод карда шуд. Би-Би-Сӣ бар ин назар аст, ки айбҳои нисбати Ӯрунбой Усмонов пешниҳодшуда бепоя буда, ба журналистикаи касбӣ ва озодии баён дар Тоҷикистон таҳдиди ҷиддӣ мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.