Пешниҳоди айбномаи нав ба раиси ширкати «Мовароуннаҳр»

Date:


Ба директори генералии ширкати сохтмонии «Мовароуннаҳр» Ҷӯрабек Охунов, ки мурофиаи додгоҳиаш айни замон дар Додгоҳи Олӣ баргузор мегардад, айбномаи нав пешниҳод шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати айбдоршаванда Шӯҳрат Қудратов хабар дод, ба директори генералии ширкат, ки қаблан ба қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд айбдор карда мешуд, акнун мутобиқи моддаи 245-и КҶ ҶТ (Азонихудкунӣ ё камомад) айбномаи нав пешниҳод шудааст. Ба қавли адвокат, Ҷ. Охунов дар азонихудкунӣ ё камомади 750 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 150 ҳазор $), ки аз ҷониби Агентӣ оид ба бимаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ барои сохтмони ду бинои зертобеъ дар манотиқи кишвар ҷудо гардида буд, айбдор карда мешавад.

«Мутобиқи қарордодҳои баимзорасида миёни ҷонибҳо, ин биноҳо бояд ахири соли 2010 мавриди истифода қарор меирифтанд, вале Охунов аз моҳи ноябри соли 2010 дар маҳбас қарор дорад ва аз он замон фаъолияти ширкати «Мовароуннаҳр» қатъ гардида, аз ин рӯ, иншооти мазкур ба истифода дода нашуданд. Мақомоти додситонӣ ба роҳбари ширкат ин айбҳоро нисбат дода, мутобиқи моддаи мазкури КҶ парвандаи ҷиноӣ боз кард», – қайд кард Қудратов.

Ӯ ҳамчунин иброз дошт, ки дар маводи парванда далелҳои исботи ба камомад роҳ додани маблағи мазкур (750 ҳазор сомонӣ) аз ҷониби Охунов ё ширкати «Мовароуннаҳр мавҷуд нестанд. «Сохтмони иншоот то ҳабси Охунов мувофиқи реҷаи муқаррашуда сурат гирифта буданд ва корҳои сохтмонӣ қисман ба анҷом расонида шудаанд. Ба маблағи боқимонда масолеҳи сохтмон харида шудааст, ки айни замон дар анборҳои ширкат нигаҳдорӣ мешаванд», – афзуд Қудратов.

Директори генералии ҶДММ «Мовароуннаҳр» Ҷӯрабек Охунов моҳи ноябри соли 2010 ба гумони даст доштан дар қаллобӣ боздошт шуда буд. Баътар ба ин боз як моддаи дигар – «фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ» зам гардид.

Ёдрас мекунем, ки санҷиши фаъолияти ширкати «Мовароуннаҳр» ошкор сохт, ки барои сохтмони тамоми иншоот ширкат 135 млн. сомонӣ хароҷот кардааст, ки 108 млн. сомонии онро маблағи саҳҳомон, қарзҳои бонкӣ ва ҳамчунин воситаҳои тендерӣ барои сохтмони иншооти бахши иҷтимоӣ дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ ташкил медиҳанд.

Маблағи боқимондаи 27 млн сомонӣ воситаҳои шахсии Ҷурабек Охунов мебошанд, ки ба тиҷорати сохтмонии шахсиаш маблағгузорӣ шудаанд. Саҳмҳои хусусии аҳолӣ ба 62 млн. сомонӣ баробаранд.

Мутобиқи хулосаи санҷиш, «маблағҳои гирифта аз саҳҳомон, муассисаҳои бонкӣ ва ғайра мувофиқи таъинот истифода гардида, далелҳои дуздии воситаҳои барои сохтмон ҷудошуда ошкор нагардидааст».  

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...