Созмони байнулмилалии дифоъ аз ҳукуки инсон (Amnesty International) аз истифодаи шиканҷа нисбат ба маҳкумшудагон дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст.
Дар изҳороти созмон гуфта мешавад, судшавандагони бо ҷурми ифротгароӣ ба маҳкама кашидашуда дар давраи боздошти пешазсудӣ мавриди шиканҷа карор гирифтаанд.
Санаи 16 сентябр Илҳом Исмонов, яке аз 53 судшавандагони ба гумони узвият дар Ҳизби Исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) ба маҳкама кашидашуда, ки мурофиаи судии онҳо дар боздоштгоҳи тафтишотии рақами 2 шаҳри Хуҷанд идома дорад, ба судя арз намуд, ки мақомот ӯро таҳти фишор қарор доданд, то аз нишондоди пештараи худ оиди мавриди шиканҷа ва муносибати дағалона қарор гирифтанаш даст кашад. Номбурда аз тарси интиқоми мақомот пештар дар ин хусус ҳарфе нагуфта буд. Рӯзноманигорон имкони назорати ин маҷлиси судиро, ки таҳти раёсати судяи суди вилояти Суғд баргузор шуда истодааст, надоштанд. Барои дастраси умум нашудани маълумоти махфӣ, маҷлиси судӣ дар дар шакли пӯшида гузаронида мешавад.
Дар давоми маҷлиси судӣ, ки аз санаи 11-уми июл ҷараён дорад, судшавандагони дигар низ иброз доштанд, ки дар давраи то мурофиаи судӣ барои иқроршавӣ ба ҷиноят ва додани маълумот оиди айбдории дигарон мавриди шиканҷа ва муносибати дағалона қарор гирифтаанд. Тибқи гузоришот, як нафар мард ба судя гуфтааст, ки аз ҷониби афсарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор гирифтааст. Аксари онҳое, ки дар якҷоягӣ бо Илҳом Исмонов суд мешаванд, барои даст доштан дар таркиши 3 сентябри соли 2010 дар назди Шӯъбаи мубориза бо ҷиноятхои муташаккили («Шӯъбаи шашум») Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд, ки якчанд кушта ва зиёда аз 20 маҷрӯҳ ба бор овард, айбдор шудаанд.
Тибқи қавонини байналмилалии ҳуқуқи инсон маълумот ва асноди иқроршавие, ки таҳти шиканҷа ва ё таҳдиди шиканҷа, ҳамчунин бе иштироки ҳимоячӣ ба даст оварда шудаанд, набояд аз ҷониби суд ҳамчун далел истифода гарданд, ба истиснои далел бар зидди онҳое, ки дар содир кардани чунин ҷиноят гумонбаранд. Нишондодҳо оид ба шиканҷа, рафтори дағалона ва таҳдиди шиканҷа бояд ҳаматарафа, холисона ва мустақилона тафтиш шаванд.
Тибқи гузоришот моҳи ноябри соли 2010 Илҳом Исмонов дар «Шӯъбаи шашум», воқеъ дар шаҳри Хуҷанд бо тарзи садамаи электрикӣ ва пошидани оби гарму хунук ба бадани ӯ мавриди шиканҷа қарор гирифтааст. Санаи 6 ноябр ҳамсари Илҳом Исмонов бо ӯ мулоқоти кӯтоҳе доштааст. Вай ба Авфи Байналмилал арз намудааст, ки нишонаҳои садамоти электрикӣ ва якчанд захмро дар гардани шавҳараш дидааст. Вақте ки вай хам шуда, пойҳои шавҳарашро диданӣ шудааст, афсарони масъул мулоқотро қатъ намуда, ӯро аз боздоштгоҳ берун намудаанд.
Ҳимоячии Илҳом Исмонов бори аввал ӯро санаи 12 ноябр дар маҷлиси судӣ оид ба интихоби чораи пешгирӣ, яъне нӯҳ рӯз баъди маҳрум шудани вай аз озодӣ дидааст. Гарчанде ки ин ҷавон дар вақти маҷлиси судӣ ба судя оид ба мавриди шиканҷа қарор гирифтанаш шикоят намудааст ва хостааст далелҳои дар баданаш будаи шиканҷаро нишон диҳад, судя ин шикоятро баррасӣ накарда, ба ҳимоячӣ гуфтааст, ки ин масъаларо бо муфаттиши милиса дида бароянд.
Аз 6 ноябр сар карда, ҳамсари Илҳом Исмонов ба мақомоти гуногун шикоят ирсол намуда, гузаронидани муоинаи судии тиббиро тақозо намудааст. Ҳимоячии Исмонов низ аз 9 ё 10 ноябр сар карда, чунин дархостҳоро фиристодааст. Санаи 15 ноябр Авфи Байналмилал дар хусуси ин қазия изҳори Амали Фаврӣ намуда, мақомотро ба зудтар гузаронидани тафтишоти фарогир ва мустақил даъват намуда буд.
Муоинаи тиббӣ хеле дер гузаронида шуда, мутахассиси судии тиббӣ санаи 27 ноябр хулоса намудааст, ки «дар бадани Илҳом Исмонов ягон ҷароҳати ҷисмонӣ пайдо нагардид.» Дар мактубҳои моҳи декабр ба ҳамсар ва ҳимоячии Исмонов Илҳом ирсолнамуда, прокурори вилояти Суғд изҳор намудааст, ки шиканҷа ҷой надоштааст, вале шарҳ надодааст, ки ин мақом чӣ тавр ба чунин натиҷагирӣ расидааст. Моҳи июли соли 2011 Авфи Байналмилал ба прокурори вилояти Суғд мактуб ирсол намуда, хоҳиш намуда буд, то ба ин масъала равшанӣ андозад. Мактуби санаи 12 сентябр аз ин мақом ба Авфи Байналмилал расида ба ин савол ҷавобе надодаст.
Дар таърихи 16 сентябри соли 2011 ҳимоячии Илҳом Исмонов ба судяи суди вилояти Суғд мактуберо дод, ки дар он Илҳом Исмонов навиштааст, ки моҳи декабри соли 2010 ӯро ба муддати кӯтоҳ ба Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии (КДАМ) шаҳри Хуҷанд оварда, боз ба боздоштгоҳи тафтишотии рақами 2 баргардониданд. Тибқи гузоришот, дар КДАМ шахсе, ки худро прокурор муаррифӣ намуд, дар ҳузури муфаттиш ва шояд шахсони дигар ба ӯ таҳдид намудааст, ки агар ба ҳуҷҷате, ки дар он оид ба дар «Шӯъбаи шашум» мавриди шиканҷа қарор нагирифтани ӯ сабт шудааст, имзо нагузорад, боз мувоҷеҳи шиканҷа хоҳад шуд. «Ман имзо гузоштам, чунки аз ҳаётам хавф доштам», – менависад Исмонов. Вай ҳамчунин илова намудааст, ки санаи 26 январи соли 2011, вақте ки ӯро барои гузаронидани амалиёти тафтишотӣ ба шаҳри Исфара бурда буданд, дар Шӯъбаи корҳои дохилии маҳаллӣ афсарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯро лату кӯб намудаанд.
Илҳом Исмонов аз рӯи моддаи 187 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои «иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ» айбдор карда шудааст. Мувофиқи фикри айбдорӣ вай соли 2010, ҳангоми дар Маскав буданаш ба ҲИӮ ҳамроҳ шудааст. Моҳи сентябр, замоне ки ӯ ба Тоҷикистон баргаштанӣ буд, Исмон Азимов, шахси дигаре, ки аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон барои узвият дар ҲИӮ айбдор мешавад, гӯё аз Илҳом Исмонов хоҳиш кардааст, ки ду телефони мобилӣ ва диски видеоро барои беҳтар намудани мукотиба дар дохили ташкилот ба дигар аъзои ҲИӮ дар Тоҷикистон расонад. Дар асоси фикри айбдорӣ, Исмон Азимов ҳамчунин ба Илҳом Исмонов дастур додаст, ки оид ба афсари «Шӯъбаи шашум» дар шаҳри Исфара маълумот дастрас намояд. Санаи 18 октябр Илҳом Исмонов гӯё телефонҳои мобилӣ ва дискро ба шахсе додааст, ки мақомот ӯро узви дигари ҲИӮ меҳисобанд.
Тибқи гузоришот Илҳом Исмонов асноди иқроршавии сохтаро дар набудани ҳимоячиаш баъди шиканҷаи моҳи ноябр дар «Шӯъбаи шашум» ва таҳдиди шиканҷа дар КДАМ моҳи декабр имзо гузоштааст. Вале ӯ ба ҳимоячиаш изҳор намудааст, ки узви ҲИӮ нест ва чизҳои додашударо ҳамчун амонат гирифта, бе ягон ангезаи ҷиноӣ бурда додааст.
Ҳимоячии Исмон Азимов аз Русия, ки зерҳимояи худро аз истирдод ба Тоҷикистон бо иттиҳоми пайвастагӣ бо ҲИӮ ҳимоя мекунад, ба Авфи Байналмилал изхор намудааст: «Исмон Азимов тасдиқ мекунад, ки аз Илҳом Исмонов хоҳиш намудааст на диск, балки телефонҳо ва сим-кортҳоро ба Тоҷикистон бурда расонад. Вай инро танҳо бо мақсади он кард, то хешовандонаш тавонанд ба таври ройгон бо вай дар тамос бошанд, чунки вай имкон дорад аз Русия ба телефонҳои онҳо пул гузаронида истад. Азимов бо Исмонов ягон чизи маълумоти ғайриқонунӣ дошта нафиристода ва ҳамчунин ягон дастури ғайриконунӣ надодааст.» Ҳимоячии Азимов ва созмони ғайридавлатии Институти ҳуқуқи инсон, воқеъ дар шаҳри Маскав, ки ҳимоячиро барои намояндагии манфиатҳои Азимов даъват намуда, қазияи мазкурро таҳти назорат гирифтааст, бар он назаранд, ки ӯ ба ҲИӮ рабте надорад.
Зафар Каримов, яке аз онҳое, ки дар якчоягӣ бо Илҳом Исмонов дар курсии судшавандагӣ нишастааст, ҳамчунин ба судя изҳор намуд, ки баъди боздоштшавӣ дар боздоштгоҳи муваққатии КДАМ воқеъ дар шаҳри Хуҷанд мавриди шиканҷа қарор гирифтааст. Вай санаи 11 сентябри соли гузашта ба гумони узвият дар ҲИӮ ва даст доштан дар таркиши назди «Шӯъбаи шашум»-и вилояти Суғд моҳи сентябри соли 2010 боздошт шуда буд.
Cанаи 23 сентябр баъди ҳимояи Зафар Каримовро ба зимма гирифтан, ҳимоячӣ Бахтиёр Насруллоев ба муфаттиш муроҷиат намуданро оғоз намуд, то бо зерҳимояаш вохӯрад. Вале ҳимоячӣ танҳо санаи 28 октябри соли 2010 дар маҷлиси судӣ, замоне, ки судяи суди шаҳри Хуҷанд мӯҳлати боздошти Зафар Каримовро дароз кардааст, тавонистааст бо ӯ вохӯрад. «Мо дар бинои суд дар ҳузури маъмурони КДАМ, посбонон ва прокурор вохӯрдем ва гуфтугӯи мо дар ҳузури дигарон имконнопазир буд. Ман аз судя хоҳиш кардам, то дар асоси он, ки манро ба ягон пурсиш ё амалиёти дигари тафтишотӣ даъват накардаанд ва иҷозаи бо ӯ вохӯрданро надодаанд, мӯҳлати боздошти ӯро дароз накунанд»,, – гуфт ҳимоячи ба Авфи Байналмилал. Баъди маҷлиси судӣ оид ба боздошти Зафар Каримов ҳимоячӣ новобаста аз кӯшишҳои батакрор иҷозаи бо ӯ вохӯрданро дастрас карда натавонист. Тибқи гузориши ҳимоячӣ, аз моҳи декабри соли 2010 сар карда, баъди иваз шудани Сардори шӯъбаи тафтишотии бахши КДАМ дар вилояти Суғд вай имконияти бо зерҳимояи худ бемаҳдуд вохӯрданро пайдо кард.
Тибқи гузоришҳо Зафар Каримов тақрибан ду моҳ дар боздоштгоҳи муваққатии КДАМ дар вилояти Суғд нигоҳ дошта шуда, сипас ба боздоштгоҳи тафтишотии рақами 2-и шаҳри Хуҷанд ирсол гардидааст. Амалияи ба мӯҳлати дароз дар боздоштгоҳҳо зери идораи муфаттишон ва дигар масъулон нигоҳ доштани боздоштшудагон ба стандартҳо ва қавонини байналмилалӣ мухолиф аст. Масалан, Маърӯзачии махсус оид ба шиканча изҳор намудааст: «Онҳое, ки қонунӣ боздошт шудаанд, набояд зиёда аз мӯҳлате, ки тибқи қонун барои гирифтани иҷозаи суд барои дар ҳабс нигоҳ доштани онҳо лозим аст, дар боздоштгоҳҳо таҳти назорати муфаттишон ва ё дигар маъмурон нигаҳдорӣ шаванд. Ин мӯҳлат дар ҳар сурат набояд аз 48 соат зиёд бошад».
Моддаи 15 Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муомила ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф, ки Тоҷикистон онро пазируфтааст, муқаррар намудааст, ки «ҳар як Давлати узв таъмин менамояд, ки ҳама гуна баёноте, ки таҳти шиканҷа дода шудааст, дар ҷараёни ҳама гуна тафтишоти судӣ ҳамчун далел истифода нагардад, ба истиснои ҳолатҳое, ки он (баёнот) ба муқобили шахси дар содир намудани шиканҷа айбдоршаванда ҳамчун далели он истифода мегардад, ки ин баёнот дода шуда буд».
Моддаи 88 Кодекси мурофиаи ҷиноятии ҶТ низ муқаррар намудааст: «Далелҳое, ки дар ҷараёни таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ бо роҳи зӯрӣ, таҳдид, азобу шиканҷа, рафтори бераҳмона ва ё усулҳои дигари ғайриқонунӣ ба даст оварда шудаанд, беэътибор дониста, барои айбдоркунӣ асос шуда наметавонанд.»
Тавсияи «е»-и Тавсияҳои умумии Маърӯзачии махсуси СММ оид ба шиканҷа пешбинӣ мекунад, ки «ягон изҳороти иқроршавии шахсе, ки аз озодӣ маҳрум гаштааст, ғайр аз изҳороти дар назди судя ва ё ҳимоячӣ кардашуда, набояд дар суд ҳамчун далел қабул гардад, ба истиснои далел муқобили онҳое, ки барои бо васоити ғайриқонунӣ гирифтани асноди иқроршавӣ айдор карда шудаанд.»
Дар Тоҷикистон маъмурони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бисёр ҳолатҳо барои шиканҷа ва ё лату кӯби дастгиршудагон баҳри гирифтани пул, иқроркунӣ ё дигар маълумоти ҷабрдида ва ё каси дигарро айбдоркунанда, ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Ин кирдорҳои ғайриқонунӣ аксаран дар давраҳои аввали дастгиркунӣ рух дода, дар бисёр ҳолатҳо ҷабрдидагон аввал дар вазъияти надоштани алоқа бо олами беруна боздошт ва нигаҳдорӣ шудаанд.
Соли 2010 Додгоҳи Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон дар чаҳор қазияи марбут ба шаҳрвандони Тоҷикистон қарор қабул кардааст, ки бинобар хислати густаришёбанда касб кардани шиканҷа дар Тоҷикистон, онҳо набояд ба ин қаламрав истирдод гарданд ва ё истирдод мегардиданд. Соли 2011 Додгоҳи Аврупо барои пешгирии истирдоди ҳадди ақал як нафар ба Тоҷикистон, ба тариқи таъҷилӣ чораҷӯӣ намудааст.
Амалияи шиканҷаи дар Точикистон ҷойдошта истифодаи садамоти электрикӣ; бастани қуттиҳои об ва ё қумдор ба узвхои таносули дастгиршудагон; таҷовуз ба номус ва бо сигор сӯзонданро дар бар мегирад. Бо таёқҳои гуногун ва бо дасту по задан низ маъмуланд.
Aвфи Байналмилал аз он изҳори ташвиш мекунад, ки кафолатҳои зидди шиканҷа, ки дар қонунгузории миллӣ дарҷ шудаанд, на ҳама вақт риоя мегарданд. Масалан, Кодекси нави мурофиаи ҷиноятӣ, ки моҳи апрели соли 2010 мавриди амал қарор гирифтааст, муқаррар мекунад, ки шахс аз лаҳзаи дастгир шуданаш метавонад аз ёрии ҳимоячӣ истифода кунад. Дар амал бошад, ҳимоячиҳо аз шафқати муфаттишон, ки метавонанд ба онҳо рӯзҳои зиёд иҷозаи даромаданро надиҳанд, вобастаанд. Дар давраи дастгиршавӣ, ки робита бо олами беруна гусаста мегардад, хатари шиканҷа ва ё муносибати дағалона бахусус бузург аст. Кодекси нави мурофиаи ҷиноятӣ ҳамчунин маҷлиси судӣ оид ба интихоби чораи пешгириро дар давоми 72 соати баъди дастгиркунӣ пешбинӣ намудааст. Бо вуҷуди ин, чунин маҷлисҳо дер баргузор мегарданд ва дар аксар ҳолатҳо судяҳо истинод ба шиканҷа ва ҷароҳатҳоро, ки дар утоқи суд пешниҳод шудаанд, сарфи назар мекунанд.
Дар ҳолати ба шӯъбаи милиса ва боздоштгоҳи муваққатӣ овардани дастгиршудагон низоми ҷории муоинаи тиббӣ вуҷуд надорад.
Дар сурати қонунвайронкунии маъмурони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷабрдидагон аз тарси ниқоргирӣ хеле кам шикоят мекунанд. Бе ҷазо мондани маъмурони аз вазифа суистифоданамуда ба ҳукми қоида даромадааст. Аксаран, хешовандон ва ҳимоячиҳо низ барои бадтар накардани вазъи дастгиршудагон аз шикоят намудан худдорӣ мекунанд.
Мақомоти прокуратура муваззафанд, ки арзу шикоятро дар хусуси шиканҷа тафтиш намоянд. Дар баъзе ҳолатҳо муносибати наздики шахсӣ ва идоравии байни прокурорҳо ва милисаҳо беғаразии прокурорҳоро аз байн мебарад.
Судяҳо ҳамвора ҳукмҳои худро бо далелҳое асоснок мекунанд, ки зери шиканҷа ва ё муносибати дағалона дарёфт гардидаанд.


