Шӯрообод: Боздошти ноболиғон бо миқдори зиёди героин

Дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон ду нафар ноболиғон бо миқдори зиёди маводи мухаддири сахттаъсири героин боздошт шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори ситоди Раёсати корҳои дохилии вилоят Ҷӯрахон Мадиев хабар дод, кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шӯрообод Далер Раҳимов (соли таваллуд 1992) ва Бедили Раҳмоналӣ (соли таваллуд 1994)-ро ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии […]

Сайраҳмон Назриев


Дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон ду нафар ноболиғон бо миқдори зиёди маводи мухаддири сахттаъсири героин боздошт шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори ситоди Раёсати корҳои дохилии вилоят Ҷӯрахон Мадиев хабар дод, кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шӯрообод Далер Раҳимов (соли таваллуд 1992) ва Бедили Раҳмоналӣ (соли таваллуд 1994)-ро ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир кардаанд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳангоми кофтуков аз борхалтаи наврасон 4 килову 870 грамм героин дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.