Интишори мақолаи муфассал дар бораи сайёҳӣ дар Тоҷикистон дар нашрияи бонуфузи Ҳиндустон

Дар Деҳлӣ дар нашрияи бонуфузи «World Mass Communication” мақолаи муфассал дар бораи сайёҳӣ дар Тоҷикистон ба чоп расид. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар он самти рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон ва аз ҷойҳои дидании он нақл мешавад. Тоҷикистон кишвари сайёҳии муосир мебошад, чунки он дорои арзишҳои фарҳангиву таърихии аҷдодӣ, фарҳанги […]

Asia-Plus

Дар Деҳлӣ дар нашрияи бонуфузи «World Mass Communication” мақолаи муфассал дар бораи сайёҳӣ дар Тоҷикистон ба чоп расид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар он самти рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон ва аз ҷойҳои дидании он нақл мешавад.

Тоҷикистон кишвари сайёҳии муосир мебошад, чунки он дорои арзишҳои фарҳангиву таърихии аҷдодӣ, фарҳанги пурғановати ба худ хос, мавқеи хуби ҷуғрофӣ, табиати гуногуну чашмандоз, мавзеъҳои тафреҳии пур аз гиёҳу ҷонварон аст.

Тоҷикистон – макони қуллаҳои баланд, пиряхҳои бузург, дарёҳои шодобу шӯх, кӯлҳои мусаффо, гиёҳҳои шифобахш ва ҷонварон аст. Маҳз зина ба зина пайдо шудани кӯҳҳо зебогии табиати гуногуну беназири Тоҷикистон, манзараҳои зиндагии табиати гуногуниқлимро инъикос менамояд. Дар ҷумҳурӣ дар муддати беш аз як соат аз минтақаи хело ҳам гарми Водии Вахш ба минтақаи хело ҳам хунуки тоқатфарсои арктикӣ, ба макони барфҳои абадии Помир расидан мумкин аст.

Дар 13 парваришгоҳ ва мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ, ки асоси онҳоро «Зоркул», «Ромит», «Мозкул», «Даштиҷум» ва Боғи миллии Тоҷикистон ташкил медиҳанд, экология, манзараҳои зебо ва ёдгориҳои табиӣ дар шакли аввалиашон нигоҳ дошта шудаанд. Ҳамчунин гиёҳҳои камшумул ва ҷонварони камшудаистода, ки ба Китоби Сурх ворида карда шудаанд, аз ҷумла бузи шохдор (морхур), архари кӯҳӣ (Марко Поло), гусфанди кӯҳии бухороӣ (Уреал), оҳуи холдори бухороӣ, гурбаи барфӣ, хирси тираи Тян-Шанӣ, кафтори рах-рах, ғози кӯҳии ҳиндугӣ ва ғайраҳо дар Тоҷикистон ҳифз мешаванд. Дар ҳудуди ҷумҳурӣ 84 намуди ҳайвоноти ширхор, қариб 365 намуди парандагон, 49 намуд хазандагон, қариб 59 намуд моҳӣ ва беш аз 10000 намуд ҳашаротҳои гуногун маскун ҳастанд.

Дар Тоҷикистон беш аз 5000 намуди наботот мерӯяд. Масоҳати Боғи миллӣ 2,6 миллион гектарро дар бар гирифтааст, ки он 18 дарсади масоҳати кулли Тоҷикистон буда, аз он 60 дарсадаш дар ҳудуди ВМКБ рост меояд. Солҳои охир маъмурияти Боғи миллӣ чораҳои заруриро барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва беҳтар намудани вазъи экологӣ дар ноҳияҳои баландкӯҳи Помир андешида истодааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.