Дар Душанбе масоили ҳамкории марзӣ дар доираи ИДМ баррасӣ мешаванд

Дар меҳмонхонаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои фармондеҳони нерӯҳои марзбонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба кор шурӯъ кард. Дар кори ҷаласа намояндагони нерӯҳои марзбонии Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Русия ширкат меварзанд. Тавре аз хадамоти матбуоти Сарраёсатинерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷаласаи мазкур баррасии масоили ҳамкории ҷонибҳо […]

Аваз Юлдошев


Дар меҳмонхонаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои фармондеҳони нерӯҳои марзбонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба кор шурӯъ кард.

Дар кори ҷаласа намояндагони нерӯҳои марзбонии Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Русия ширкат меварзанд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Сарраёсатинерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷаласаи мазкур баррасии масоили ҳамкории ҷонибҳо дар ташкили назорати марз, пешгирии раванди муҳоҷирати ғайриқонунӣ миёни кишварҳо, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, аслиҳа ва муҳимот ва ҳамчунин дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳӣ иштирокдорони ҷаласа дар назар аст.

Пагоҳ иштирокчиёни ҷаласа ният доранд, ки аз гузаргоҳи марзии «Панҷи Поён» дар марзи Тоҷикистону Афғонистон боздид намуда, бо фаъолияти сарҳадбонони тоҷик аз наздик ошно гарданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.