Ташрифи намояндагони ВКД-и Русия ба Тоҷикистон

Ҳафтаи оянда намояндагони Вазорати корҳои дохилии Русия ба Тоҷикистон ташриф меоранд. Дар ҷаласаи хайати мушовараи Вазорати корҳои дохилии Русияву Тоҷикистон дар шаҳри Оренбург ҷонибҳо ҷиҳати ташрифи намояндагони хадамоти дахлдори ВКД-и Русия ба Тоҷикистон барои таҳияи нақшаи муштараки мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва баррасии масоили доир сохтани амалиёти муштарак бобати пешгирӣ ва нобуд сохтани […]

Аваз Юлдошев


Ҳафтаи оянда намояндагони Вазорати корҳои дохилии Русия ба Тоҷикистон ташриф меоранд.

Дар ҷаласаи хайати мушовараи Вазорати корҳои дохилии Русияву Тоҷикистон дар шаҳри Оренбург ҷонибҳо ҷиҳати ташрифи намояндагони хадамоти дахлдори ВКД-и Русия ба Тоҷикистон барои таҳияи нақшаи муштараки мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва баррасии масоили доир сохтани амалиёти муштарак бобати пешгирӣ ва нобуд сохтани нуқтаҳои интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Русия тавассути қаламрави Тоҷикистон тавофуқ ҳосил карданд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Вазорат корҳои дохилии Тоҷикистон, дар Оренбург ҳамчунин атрофи масоили таҳкими ҳамкориҳо дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва табодули маълумот миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳо дар ин хусус табодули афкор сурат гирифтааст.

Қобили зикр аст, ки дар зарфи 11 моҳи соли равон кормандони мақомоти милисаи Русия дар ҷараёни баргузории амалиётҳои «Нелегал» (Будубоши ғайриқонунии шаҳрванд) ва «Розыск» (Ҷустуҷӯ) 44 афроди дар Тоҷикистон ҷинояти гуногун содирнамудаву мавриди пайгард қарордоштаро боздошт намуда, ба мақомоти дахлдори Тоҷикистон супурданд.

Ҳамчунин соли равон кормандони мақомоти милисаи Тоҷикистону Русия тавассути методи «боррасонии таҳти назорат қарордошта» ду амалиёти махсуси муштарак доир намуданд, ки дар натиҷаи он дар қаламрави Русия аз муомилоти ғайриқонунӣ ҳудуди 12 кило маводи мухаддири героини афғонӣ мусодира гардид. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Табдили рақамии Тоҷикистон: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.