Иштироки 7 ширкати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Текстиллегпром»

Date:


Бори нахуст ҳафт ширкати Тоҷикистон дар яке аз намоишгоҳҳои байнулмилалии маъруфи текстил ваа сарулибос дар Русия «Текстиллегпром», ки рӯзи 27-уми сентябр ба кор оғоз намуда, то 30-юми сентябр  идома меёбад, иштирок мекунанд.

Дар ин намоишгоҳ ширкатҳои тоҷикистонии «Гулистон», «Ёқут-2000», «Нафиса», «Текстил Сити», «Дилором», «Зинат» ва «Лидер» маҳсулти худ ро ба маърази тамошо мегузоранд.

Иштироки ширкатҳои тоҷикистонӣ дар ин намоишгоҳ дар чаҳорчӯби Барномаи пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби Маркази тиҷорати байнулмилалӣ бо маблағгузории Котиботи давлатии Швейтсария оид ба масоили иқтисодӣ (SECO) амалӣ мешавад, созмон дода шудааст.

Қобили зикр аст, ки намоишгоҳи мазкур дар як сол ду маротиба доир гардида, дар кори он беш аз 2500 корхонаҳои зиёда аз 3000 ширкатҳои тиҷоратӣ ва саноатии 27 кишвари ҷаҳон ширкат меварзанд. Аз намоишгоҳ 34 ҳазор коршиносону мутахассисони соҳа боздид менамоянд.

 


 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...