Иштироки 7 ширкати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Текстиллегпром»

Бори нахуст ҳафт ширкати Тоҷикистон дар яке аз намоишгоҳҳои байнулмилалии маъруфи текстил ваа сарулибос дар Русия «Текстиллегпром», ки рӯзи 27-уми сентябр ба кор оғоз намуда, то 30-юми сентябр  идома меёбад, иштирок мекунанд. Дар ин намоишгоҳ ширкатҳои тоҷикистонии «Гулистон», «Ёқут-2000», «Нафиса», «Текстил Сити», «Дилором», «Зинат» ва «Лидер» маҳсулти худ ро ба маърази тамошо мегузоранд. Иштироки ширкатҳои […]

Аваз Юлдошев


Бори нахуст ҳафт ширкати Тоҷикистон дар яке аз намоишгоҳҳои байнулмилалии маъруфи текстил ваа сарулибос дар Русия «Текстиллегпром», ки рӯзи 27-уми сентябр ба кор оғоз намуда, то 30-юми сентябр  идома меёбад, иштирок мекунанд.

Дар ин намоишгоҳ ширкатҳои тоҷикистонии «Гулистон», «Ёқут-2000», «Нафиса», «Текстил Сити», «Дилором», «Зинат» ва «Лидер» маҳсулти худ ро ба маърази тамошо мегузоранд.

Иштироки ширкатҳои тоҷикистонӣ дар ин намоишгоҳ дар чаҳорчӯби Барномаи пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби Маркази тиҷорати байнулмилалӣ бо маблағгузории Котиботи давлатии Швейтсария оид ба масоили иқтисодӣ (SECO) амалӣ мешавад, созмон дода шудааст.

Қобили зикр аст, ки намоишгоҳи мазкур дар як сол ду маротиба доир гардида, дар кори он беш аз 2500 корхонаҳои зиёда аз 3000 ширкатҳои тиҷоратӣ ва саноатии 27 кишвари ҷаҳон ширкат меварзанд. Аз намоишгоҳ 34 ҳазор коршиносону мутахассисони соҳа боздид менамоянд.

 


 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...