Қотилони собиқ раиси бозори ҷамоати Сурхи Исфара маҳкум шуданд

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ мурофиаи додгоҳии афроди гумонбар ба қатли собиқ раиси бозори ҷамоати Сурхи ноҳияи Исфара Ҳомид Каримов ба итмом расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз додгоҳи вилоятӣ хабар доданд, ба содир намудани ин ҷиноят 11 нафар гумонбар дониста мешуданд. Аз ин шумор ҳашт нафар дар курсии айбдорӣ қарор доштанд, ки 7 нафарашон сокинони […]

Мавлуда Рафиева


Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ мурофиаи додгоҳии афроди гумонбар ба қатли собиқ раиси бозори ҷамоати Сурхи ноҳияи Исфара Ҳомид Каримов ба итмом расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз додгоҳи вилоятӣ хабар доданд, ба содир намудани ин ҷиноят 11 нафар гумонбар дониста мешуданд. Аз ин шумор ҳашт нафар дар курсии айбдорӣ қарор доштанд, ки 7 нафарашон сокинони ҷамоати номбурда ва як нафар зодаи шаҳри Конибодом буд, ки дар Русия иқомат мекард. Боз 3 нафари гумонбаршудагон то ҳанӯз таҳти пайгарди қонунӣ қарор доранд.

Додгоҳ Мансур Каримҷоновро ба куштор, ғайриқонунӣ харидан ва нигоҳдории аслиҳа ба муддати 25 сол бо мусодираи амвол ва адои ҷазо дар муассисаи низомаш шадид, Абудулло Комиловро бо ҳамин моддаҳо ба муддати 23 сол, Файёз Муҳддиновро ба мӯҳлати 20 сол, Сӯҳроб Зоҳидовро ба мудддати 20 сол, Неъмат Шарифов, Зокирбой Ҳомидов ва Абудусаттор Зоҳидовро ба муддати 16 сол аз озодӣ маҳрум намуд. Барои хабар надодан дар бораи ҷиноят Маҳкам Каримҷонов ба муддати 5 сол шартан аз озодӣ маҳрум шуд.

Манбаъ аз додгоҳи вилоятӣ хабар дод, ки ҳукми мазкур ҳанӯз ҳукми қонунӣ нагирифтааст.

Ёдрас мекунем, ки собиқ раиси бозори ҷамоати Сурхи ноҳияи Исфара Ҳомид Каримови 46-сола шоми 30-юми августи соли 2010 дар назди хонаи хешовандаш парронда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.