Л. Кислякова: Ислоҳот дар бахши андози Тоҷикистон идома меёбад

Бо мақсади афзоиши қисмати ларомади бюҷет ислоҳот дар бахши андози иқтисоди Тоҷикистон тавассути ҳавасмандсозии андозсупорандагон идома меёбад. Дар ин бора зимни мулоқот бо узви парлумони Бритониёи Кабир Найҷел Миллс, ки ба Тоҷикистон ҷиҳати омӯзиши низоми андозбандӣ ташриф овардааст, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Лариса Кислякова маълумот дод. Ба қавли ӯ, айни замон гурӯҳи […]

Пайрав Чоршанбиев


Бо мақсади афзоиши қисмати ларомади бюҷет ислоҳот дар бахши андози иқтисоди Тоҷикистон тавассути ҳавасмандсозии андозсупорандагон идома меёбад.

Дар ин бора зимни мулоқот бо узви парлумони Бритониёи Кабир Найҷел Миллс, ки ба Тоҷикистон ҷиҳати омӯзиши низоми андозбандӣ ташриф овардааст, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Лариса Кислякова маълумот дод.

Ба қавли ӯ, айни замон гурӯҳи корӣ машғули таҳияи Кодекси нави андози Тоҷикистон аст, ки ба ҳайати он кормандони бонкҳо, намондагони мақомоти давлатӣ, Иттиҳодияи миллии тиҷоарти миёна ва хурд ва ҳамчунин созмонҳои мададрасони байнулмилалӣ шомил мебошанд.

Ӯ гуфт, айни замон Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон ҳудуди 20 созишнома дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата ба имзо расонидааст. Кислякова ба Н. Миллс пешниҳод кард, ки таҳияи созишномаи ба ин монанд бо Бритониёи Кабир баррасӣ шавад.

Намояндаи парлумони Бритониё омодагии кишварашро ба густариши ҳамкориҳо изҳор намуда, таъкид сохт, ки бо мақсади муқоисаи низомҳои андози ду кишвар омӯзиши дақиқи Кодекси кунунии андози Тоҷикистон зарур аст.

Ёдрас мекунем, ки айни замон дар Тоҷикистон лоиҳаи нави Кодекси андоз мавриди таҳия қарор дорад. Бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ, таҳти сарварии вазири молияи кишвар Сафаралӣ Наҷмиддинов гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Дар қарор гуфта мешавад, лоиҳа на дертар аз 1-уми апрели соли 2012 бояд таҳия ва ба ҳукумат пешниҳод гардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.