Соли равон дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 998 ҳодисаи садамаи нақлиёт рух дод, ки бар асари он 325 нафар ҳалок ва 1 ҳазору 146 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Муҳаммадҷон Назриев хабар дод, шумори ҳодисаҳои садамаи нақлиёт дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 102 садама кам шуда, вале шумори фавтидагон дар ин ҳодисаҳо 42 нафар зиёд шудааст.
Дар ин давра 472 ҳазору 894 қонуншиканӣ аз ҷониби ронандагон ба қайд гирифта шудааст, ки беш аз 13 ҳазори онҳо ба идораи автомашина бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ, 6 ҳазору 798 қонуншиканӣ ба идораи автомашина дар ҳолати мастӣ ва беш аз 5 ҳазор қонуншиканиҳо ба итоат накардани ронандагон ба талаботи кормандони БДА марбутанд.
Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ се ҳодисаи садамаи нақлиёт ба вуқӯъ пайваста, бар асари он як нафар ҳалок ва ду нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Ба қавли сардори маркази матбуоти БДА, рӯзи душанбе дар қаламрави ноҳияи Айнӣ ронандаи автомашинаи тамғаи «Нексия» дар хамгашт аз ӯҳдаи идораи автомобил набромада, он ба ҷарии 30-метра сарозер рафтааст. Ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.


