spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ифтитоҳи бинои баландтарини пойтахт аз ҷониби сарвари давлат


Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи як қатор иншоот, ки бо маблағҳои бюҷетӣ сохта шудаанд, ширкат хоҳад варзид

.

Сарвари давлат дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани баландтарин бинои пойтахти Тоҷикистон – маркази тиҷоратии «Душанбе-Плаза» иштирок мекунад.

Бино дар буриши кӯчаҳои Рӯдакӣ ва Бухоро бо фармоиши Раёсати сохтмони асосии мақомоти шахрдории Душанбе бунёд гардида, майдони умумии фарогирифтаи он ҳудуди 40 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Баландии бино 92 метр буда, он аз 20 ошёнаи ба истилоҳ «фаъол» ва ду ошёнаи техникӣ иборат аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, сохтмони иншооти мазкур моҳи октябри соли 2009 оғоз гардида, баҳри бунёди он аз бюҷети пойтахт беш аз 160 млн. сомонӣ маблағ ҷудо шудааст. Корҳои лоиҳакашии иншоотро ҶС «Шаҳрофар» анҷом дода, паймонкор ҶДММ «Тоҷ-Сохтмон-Байналмилал» аст.

Панҷ ошёнаи аввали бино барои ҷойгиркунонии марказҳои иттилоотӣ, намоишгоҳҳо, толорҳои намоиши мӯд, баргузории гуфтушунидҳо ва ҷойгиркунии ширкатҳои байнулмилалӣ пешбинӣ шудаанд.

«Дар ошёнаи 6 ва 19-ум тарабхонаҳо барои 200 ва 60 ҷой фаъолият хоҳанд кард, – мегӯяд Ш. Саидов. – Шурӯъ аз ошёнаи 7 то 15-ум идораҳои кории ташкилотҳои гуногун ҷойгир шуда, дар ошёнаҳои 17, 18 ва 20 меҳмонхона ва дар ошёнаҳои 21 ва 22 хадамоти техникии бино ҷойгир хоҳанд шуд».

«Дар бинои мазкур 12 адад лифтҳо хизматрасонӣ хоҳанд кард. Истгоҳ барои автомобилҳои «Душанбе-Плаза» дар ду ошёнаи аввал бо фарогирии майдони умумии 5 ҳазор метри мураббаъ фаъолият хоҳад намуд», – афзуд номбурда.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...