Густариши ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистону Бонки аврупоии таҷдиду рушд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба амалиёт Ян Фишерро ба ҳузур пазируфт. Зимни сӯҳбат аз ҳамкории судманди дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки солҳои охир дар Тоҷикистон бо дастгирии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 42 лоиҳа ба маблағи беш аз 200 миллион евро татбиқ […]

ASIA-Plus


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба амалиёт Ян Фишерро ба ҳузур пазируфт.

Зимни сӯҳбат аз ҳамкории судманди дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки солҳои охир дар Тоҷикистон бо дастгирии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 42 лоиҳа ба маблағи беш аз 200 миллион евро татбиқ мегардад ва 16 лоиҳаи дигар ба маблағи зиёда аз 65 миллион евро дар марҳилаи омодашавӣ қарор дорад. Лоиҳаҳои мазкур ба татбиқи барномаҳои муҳими давлатӣ ва дастгирии бахши хусусӣ равона гардидаанд.

 Ҳамчунин аз кори пурсамари Шўрои назди Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ки  бо дастгирии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд фаъолият мекунад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

 Таҷрибаи нави Бонки аврупоии таҷдид ва рушд доир ба дастгирии бонкҳои саҳҳомии Тоҷикистон тариқи ворид гардидан ба сармояи онҳо мавриди пуштибонии Сарвари давлат қарор гирифт.

 Зимни баррасии Стратегияи нави кишварии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, ки барои 3 соли оянда пешбинӣ мешавад, таъкид гардид, ки имкону захираҳои истифоданашудаи рушди ҳамкорӣ ҳанўз зиёд аст. Тавсиаи ҳамкорӣ барои дастгирии бештари соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия ва кишоварзӣ, аз ҷумла барои бунёди роҳҳои оҳану мошингард, корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ ва коркарди саноатии меваю сабзавот, пахта, пилла, пашму пўст ва ғайра зарур шумурда шуд.

 Ян Фишер изҳор дошт, ки минбаъд дастгирии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аз пешрафти намоёни иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон дар доираи Стратегияи нави кишварӣ барои 3 соли оянда идома хоҳад ёфт, қабл аз ҳама дар соҳаҳои энергетика, бонкҳо, беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва барои татбиқи лоиҳаҳои зербиноӣ дар маҳалҳо.

 Ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ таъкид доштанд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.