Оғози парвандаи ҷиноӣ нисбат ба директори генералии «ТК-Мобайл»

Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт бо далели ба иҷро нарасидани ҳалномаи додгоҳ нисбат ба директори генералии ҶСП «ТК-Мобайл» Сюн Няншен парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти додситонии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе хабар доданд, парвандаи ҷиноӣ мутобиқи моддаи 363-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Иҷро накардани ҳукми додгоҳ, ҳалномаи додгоҳ ё санади дигари додгоҳӣ» […]

Марҳабои Ҳоким


Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт бо далели ба иҷро нарасидани ҳалномаи додгоҳ нисбат ба директори генералии ҶСП «ТК-Мобайл» Сюн Няншен парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти додситонии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе хабар доданд, парвандаи ҷиноӣ мутобиқи моддаи 363-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Иҷро накардани ҳукми додгоҳ, ҳалномаи додгоҳ ё санади дигари додгоҳӣ» оғоз гардидааст.

«Аз рӯйи ин парванда муддати зиёда аз даҳ рӯз аст, ки тафтишот идома дорад. Пас аз анҷоми тафтишоти пешакӣ парвнда ба додгоҳ ирсол мешавад. Моддаи 363-и Кодекси ҷиноӣ ҷазо дар шакли ҷарима ба андозаи аз 200 то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (нишондиҳандаи ҳадди ақалл ба 35 сомонӣ баробар аст) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду солро пешбинӣ менамояд», – гуфтанд дар мақомоти додситонии ноҳияи Сино.

Ёдрас мекунем, ки мақомоти раҳбарии ширкати «ТК-мобайл», ки хизматгузории алоқаи мобилии меъёри CDMA2000-ро пешниҳод менамояд, сарфи назар аз ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Сино «Дар бораи фавран дар ҷойи корӣ пештара барқарор кардани Ҷамшед Иброҳимов», ӯро ба ҷойи кори пештарааш барқарор накард.

Мушкилоти Иброҳимов бо ширкат пас аз ҷароҳат бардоштанаш дар садамаи нақлиёт оғоз шуданд. Садама ҳангоми бо сафари корӣ дар ноҳияи Данғара будани Ҷамшед Иброҳимов рух дода, бар асари он Ҷамшед маъюб ва ҳамкори ӯ ба ҳалокат расид.

Ба қавли Иброҳимов, пас аз садама ӯ қариб ним сол табобат гирифта, ба кор баргашт. Аммо бо гузашти замоне маъмурияти ширкат бо ӯ шартномаи меҳнатиро бекор кард. Ӯ ин амалро ғайриқонунӣ шуморида, ба додгоҳ муроҷиат кард. Додгоҳ дар бораи фавран дар ҷойи кориаш барқарор кардани ӯ ҳалнома қабул кард, вале то ҳанӯз ин ҳалнома аз ҷониби мақомоти раҳбарии ширкат ба иҷро нарасидааст.

Айни замон директори генералии ширкати «ТК-Мобайл» дар хориҷи ҷумҳурӣ қарор дорад ва шарҳи ӯро дар ин хусус дастрас намудан ғайриимкон мебошад.

Ширкати «ТК-Мобайл»-и Чин, ки хизматгузории алоқаи мобилии меъёри CDMA2000-ро пешниҳод менамояд, соли 2004 таъсис дода шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.