Оғози 4 парвандаи ҷиноӣ ба иттиҳоми фурӯши занони тоҷик ба фоҳишахонаҳои хориҷӣ

Date:


Додситонии кулли ҷумҳурӣ ба иттиҳоми ба Аморати Муттаҳидаи Араб фурӯхтани занони тоҷик бо мақсади истеъмори шаҳвонӣ 4 парвандаи ҷиноӣ оғоз намудааст.

Дар ин хусус зимни баргузории семинар таҳти унвони «Стратегияи мубориза бо хариду фурӯши одамон ва меҳнати маҷбурӣ» дар шаҳри Кӯлоб сардори шӯъбаи мубориза бо хариду фурӯши одамони Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД ҶТ полковник Ҷумъахон Каримов маълумот дод.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи гумонбаршудагон дар хариду фурӯши одамон боздошт ва ҷабрдидагон озод карда шудаанд.

«Дар ҳар ҳодиса 2-3 нафар ҷабрдида ҳузур дошта, аз як ҳодиса танҳо дар марҳилаи хотимавии аз қаламрави кишвар ба фоҳишахонаҳои Аморати Муттаҳидаи Араб бурдани ду гурӯҳи шаҳрвандони кишвар пешгирӣ карда шуд», – гуфт ӯ.

Семинари мазкур барои намояндагони созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Кӯлоб созмон дода шуда, бевосита бо иштироки намояндагони созмондиҳандаи конфронс – Маркази миллии мубориза бо хариду фурӯши одамон, факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллӣ ва Созмони байнулмилалии муҳоҷират доир шуда истодааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related