Сафари кории сарвазири мамлакат ба вилояти Суғд

Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ба вилояти Суғд сафари корӣ намуда, ба вазъи соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят, рафти омодагӣ ба зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои соҳаҳои иҷтимоӣ аз наздик шинос гардид ва бо роҳбарияти вилоят мулоқот доир намуд. Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, Оқил Оқилов ва ҳайати кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти корхонаҳои […]

ASIA-Plus


Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ба вилояти Суғд сафари корӣ намуда, ба вазъи соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят, рафти омодагӣ ба зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои соҳаҳои иҷтимоӣ аз наздик шинос гардид ва бо роҳбарияти вилоят мулоқот доир намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, Оқил Оқилов ва ҳайати кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти корхонаҳои саноатии вилоят боздид намуда, бо мутахасссисону масъулини соҳа ҷиҳати самаранок истифодабарии захираҳои мавҷуда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дастуру супоришҳо дод.

Ба иттилои манбаъ, сарвазири мамлакат ба корхонаи маъдантозакуниии  Адрасмони шаҳри Қайроққум омада, ба вазъи корхонаи мазкур, ки дар коркарди маъданҳои нодир яке аз корхонаҳои калонтарини мамлакат ба ҳисоб меравад, аз аз наздик шинос гардид.

Зикр гардид, ки Оқил Оқиловро дар ин сафар Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мамадтоир Зокиров, раиси кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов, сардори саридораи геологияи ҷумҳурӣ Азим Иброҳим ва роҳбарони як қатор идораҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.