Боздиди Ҳамрохон Зарифӣ аз Аморати Муттаҳидаи Араб

Дар ҳошияи сафари кории худ ба Аморати Муттаҳидаи Араб вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар шаҳри Абу-Заббӣ бо вазири давлатии корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб доктор Анвар Гаргаш вохӯрӣ доир намуд. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорат корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни мулоқот масоили ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, ташкили сафарҳои ашхоси расмӣ тариқи […]

ASIA-Plus


Дар ҳошияи сафари кории худ ба Аморати Муттаҳидаи Араб вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар шаҳри Абу-Заббӣ бо вазири давлатии корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб доктор Анвар Гаргаш вохӯрӣ доир намуд.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорат корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни мулоқот масоили ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, ташкили сафарҳои ашхоси расмӣ тариқи низоми бидуни виза, зарурати кушодани хатсайри ҳавопаймоӣ миёни Душанбе ва Абу-Заббӣ, тавсеаи пойгоҳи шартномавӣ-ҳуқуқӣ, раванди шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо, ҳамкории минтақавӣ ва дигар масъалаҳои байналмилалии мавриди таваҷҷӯҳи муштарак муҳокима гардиданд.

Ба иттилои манбаъ, дипломатҳо инчунин ба вазъият дар Афғонистон ва ҷараёни барқарорсозии сулҳ дар ин кишвар таваҷҷӯҳ зоҳир карданд. Дар ин робита масоили амнияти минтақавӣ низ баррасӣ шуд. Вазир Ҳ. Зарифӣ ҳавасмандии ҷониби тоҷикистониро дар аҳамияти баргузории Конфронси минтақавии ҳамкории иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA 5) моҳи марти соли 2012 дар Душанбе қайд намуда, инчунин доир ба зарурати иштироки намояндагони АМА дар сатҳи муносиб дар конфронси мазкур ибрози назар кард.

Зимнан зикр гардид, ки дар анҷом мусоҳибон ҷоннок намудани фаъолияти намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Абу-Заббиро таъкид сохта, зарурати боз намудани Сафорати Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ тазаккур доданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.