Душанбе. 20-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва Лоиҳаи ХОУП (Барномаи мубориза бо бемории сил дар Тоҷикистон), ки аз ҷониби Агентии Амрико оид ба рушди байнулмилалӣ (
USAID
) маблағгузорӣ мегардад,ҷиҳати иштироки васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ дар озмун барои мақолаи беҳтарин дар мавзӯи бемории сил озмун эълон мекунад.
Тавре сардори хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Фотима Яқубова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, чорабинии мазкур ба дастгирии Барномаи Миллии мубориза бо бемории сил нигаронида шудааст.
Ба иттилои манбаъ, маблағи умумии ҷоизаҳои озмун 1000 доллари амрикоӣ буда, он байни се нафар тақсим карда мешавад. Маводҳо то 20-уми марти соли ҷорӣ қабул карда мешаванд.


