Дар Душанбе донишҷӯи навбатии нашъаҷаллоб боздошт гардид

Date:


Душанбе. 19-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Душанбе донишҷӯи навбатии макотиби олии пойтахт бо як миқдори маводи мухаддир боздошт шуд.





           

Тавре аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, зимни баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони агентӣ ҳангоми фурӯши маводи мухаддир шаҳрванд М.Ф.-ро боздошт намуданд. Ӯ зодаи ноҳияи Шӯрообод буда, дар яке аз мактабҳои олии пойтахт таҳсил мекунад.




           

Ба иттилои манбаъ, ҳангоми азаназаргузаронӣ аз боздоштшуда бастаи ҳашиш бо вазни беш аз 3 кило дарёфт ва мусодира гардид.




           

Ёдрас мекунем, ки аз оғози сол мақомоти марбутаи Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ 5 тоннаву 871 кило маводи мухаддирро мусодира карданд. Аз ин миқдор 1 тоннаву 600 килояш ҳероин, 1 тоннаву 712 килояш афюн ва 2 тоннаву 559 килояш маводи мухаддири гурӯҳи каннабис аст.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...