Ёрии ҷамъияти Салиби Сурхи Русия ба муҳоҷирони кории тоҷик

Дар шаҳри Маскав масоили бимаи тиббии муҳоҷирони кории тоҷик ва роҳандозии низоми ёрии таъҷилии тиббӣ ба онҳо баррасӣ шуданд. Масълаи мазкур дар меҳвари масоили баррасишуда дар мулоқоти роҳбари Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Асрор Одинаев ва роҳбари Намояндагии минтақавии Федератсияи ҷамъиятҳои байнулмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Русия Даврон Муҳаммадиев қарор дошт. Аз хадамоти […]

Аваз Юлдошев


Дар шаҳри Маскав масоили бимаи тиббии муҳоҷирони кории тоҷик ва роҳандозии низоми ёрии таъҷилии тиббӣ ба онҳо баррасӣ шуданд.

Масълаи мазкур дар меҳвари масоили баррасишуда дар мулоқоти роҳбари Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Асрор Одинаев ва роҳбари Намояндагии минтақавии Федератсияи ҷамъиятҳои байнулмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Русия Даврон Муҳаммадиев қарор дошт.

Аз хадамоти матбуоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия хабар доданд, ки намояндаи Русия ба дастгирии муҳоҷирони тоҷики шомил ба гурӯҳи осебпазир дар масоили расонидани кӯмаки иҷтимоиву тиббӣ аз ҷониби шӯъбаҳои минтақавии ҷамъияти Салиби Сурхи Русия омодагӣ изҳор кардааст.

Ба иттилои манбаъ, Федератсияи ҷамъиятҳои байнулмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Русия намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистонро ҳамчунин бо дастурҳои иттилоотиву методикӣ бо забони тоҷикӣ таъмин хоҳад кард.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаи ҳамкории мутақобилаи созмонҳои ҷамъиятии диаспораҳои тоҷикон дар Русия ҷиҳати омӯзиши муҳоҷирони корӣ табодули афкор намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.