Тоҷикистон шартнома дар бораи минтақаи озоди савдо дар ИДМ-ро ба имзо расонид

Дар мулоқоти нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия шартнома дар бораи минтақаи озоди савдо миёни кишварҳои узви иттиҳод ба имзо расид. Санади мазкур бекор кардани боҷи содиротиву воридотӣ ба як гурӯҳ маҳсулотро пешбинӣ мекунад. «Мутаносибан қимати ин маҳсулот низ поин хоҳад рафт», – гуфтааст нахуствазири Русия Владимир Путин. Дар зери санад […]

Аваз Юлдошев


Дар мулоқоти нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия шартнома дар бораи минтақаи озоди савдо миёни кишварҳои узви иттиҳод ба имзо расид.

Санади мазкур бекор кардани боҷи содиротиву воридотӣ ба як гурӯҳ маҳсулотро пешбинӣ мекунад. «Мутаносибан қимати ин маҳсулот низ поин хоҳад рафт», – гуфтааст нахуствазири Русия Владимир Путин.

Дар зери санад нахуствазирони 8 кишвари узви ИДМ имзо гузоштанд. Озарбойҷон, Туркманистон ва Ӯзбекистон то ахири сол сатҳи иштироки худ дар ин шартномаро муайян мекунанд.

«Соли 1994 шартномаи нахуст дар бораи савдои озод ба имзо расида буд, вале чун он аз ҷониби як қатор кишварҳо тасдиқ нагардид, воқеъан ҳам амал намекард ва кунун тамоми ихтилофот роҳи ҳалли худро пайдо карда, шартномаи нав дар бораи минтақаи озоди савдо ба тасвиб расид», – изҳор кардааст В. Путин.

Ба эътиқоди нахуствазири Русия, қабули шартнома ба бартараф сохтани бисёр монеъаҳо мусоидат намуда, ба рушди сифатан нави робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни кишварҳо имкон муҳайё мекунад ва ҷиҳати такмили минбаъдаи иттиҳод таҳкурсии боэътимод мегузорад.

Хабаргузории РИА «Новости» менависад, имрӯз нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ пешниҳоди Путин перомуни дар қаламрави собиқ шӯравӣ ташкил кардани Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро баррасӣ мекунанд. Ба андешаи нахуствазири Русия, иттиҳоди нав бояд маркази раванди ҳамгиройӣ гардида, дар фароҳам сохтани ҷойҳои нави корӣ, истеҳсолоти муосиру пешқадам ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ саҳми босазо хоҳад гузошт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.