Тоҷикистон ба шакли ягонаи қабули имтиҳон ба макотиби олӣ гузаштанист

Дар Тоҷикистон амалисозии лоиҳа дар доираи «Барномаи русиягии мусоидат ба маориф бо мақсади рушд (READ)» оғоз гардид, ки ба дастгирии Маркази миллии санҷиш нигаронида шудааст. Ҳадафи аслии лоиҳаи бар асоси пешниҳоди Вазорати маориф таҳияшуда ва аз ҷониби ҳукумат қабулгардида таҳкими имконоти Маркази миллии санҷиш барои ҷорисозии устувори низоми ягонаи қабули имтиҳоноти қабул ба макотиби олӣ […]

Шоира Ашӯрова


Дар Тоҷикистон амалисозии лоиҳа дар доираи «Барномаи русиягии мусоидат ба маориф бо мақсади рушд (READ)» оғоз гардид, ки ба дастгирии Маркази миллии санҷиш нигаронида шудааст.

Ҳадафи аслии лоиҳаи бар асоси пешниҳоди Вазорати маориф таҳияшуда ва аз ҷониби ҳукумат қабулгардида таҳкими имконоти Маркази миллии санҷиш барои ҷорисозии устувори низоми ягонаи қабули имтиҳоноти қабул ба макотиби олӣ дар асоси усулҳои дастрасии баробар, шаффофият ва воқеъӣ будани низоми баҳодиҳӣ ба дониши толибилмон мебошад.

Дар маросими муаррифии лоиҳа вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов зикр кард, ки амалисозии лоиҳаи мазкур ба беҳбуди дастрасӣ ба маълумоти олӣ имкони мусоид фароҳам месозад.

«Амалисозии лоиҳаи READ ва дастгирии Маркази миллии санҷиш барои ташкили низоми миллии баҳодиҳӣ ба дониши хонандагон асос гузошта, ҳаамчунин ба ҷараёни нашри китобҳои дарсӣ ва омодасозии омӯзгорон низ таъсири мусбат мегузорад. Минбаъд иштироки Тоҷикистон дар барномаҳои байнулмилалии баҳодиҳӣ ба дониши толибилмон дар назар аст», – гуфт вазир.

Маблағи умумии сармоягузорӣ аз ҷониби Русия 3 млн. 400 ҳазор $ ва Тоҷикистон 400 ҳазор $-ро ташкил дода, лоиҳа дар муддати се сол амалӣ мешавад.

Соли 2010 Бонки ҷаҳонӣ барои сохтмони бинои Маркази миллии санҷиш 2 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо карда буд. Лоиҳа яке аз қисматҳои лоиҳаи глобалии «Барномаи русиягии мусоидат ба маориф бо мақсади рушд (READ)» ба шумор меравад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.