Боздошти шаҳрванди Қирғизистон бо героин

Дар ноҳияи Исфара кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон (АНМН) дар вилояти Суғд шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистонро бо миқдори зиёди маводи мухаддир боздошт намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сарнозири шӯъбаи робитаҳо бо ҷомеаи АНМН майор Бобоҷон Шафиев хабар дод, аз боздоштшуда ба миқдори зиёда аз 20 кило маводи мухаддири навъи героин дарёфт ва […]

Аваз Юлдошев


Дар ноҳияи Исфара кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон (АНМН) дар вилояти Суғд шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистонро бо миқдори зиёди маводи мухаддир боздошт намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сарнозири шӯъбаи робитаҳо бо ҷомеаи АНМН майор Бобоҷон Шафиев хабар дод, аз боздоштшуда ба миқдори зиёда аз 20 кило маводи мухаддири навъи героин дарёфт ва мусодира гардидааст, ки ӯ ният дошт ба Қирғизистон ва сипас ба дигар кишварҳои узви ИДМ интиқол диҳад.

Амалиёти мазкури кормандони Агентии назорати аводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамдастӣ бо кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд доир гардида, айни замон ҷиҳати пайдо кардани сарчашмаҳои ба дасти шаҳранди Қирғизистон расидани ин миқдор маводи мухаддир тадбирҳо андешида мешаванд.

Бино ба иттилои манбаъ, қимати ин миқдор маводи мухаддир дар «бозори сиёҳ» 120 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Дар зарфи 9 моҳи соли равон дар қаламрави Тоҷикистон 3529 кило маводи мухаддир аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира шудааст, ки ҳудуди 437,5 килояшро маводи сахттаъсири героин ташкил медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.