Пешниҳоди баргузории Конфронси соли байналмилалии ҳамкорӣ дар арсаи об дар Душанбе

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Котиботи механизми «Созмони Милали Муттаҳид ва ОБ» хонум Кенза Робинсонро ба ҳузур пазируфт. Тавре аз хадамоти матуботи сарвари давлат хабар доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид (СММ), пеш аз ҳама дар соҳаи об баррасӣ шуд.  Аз самараи ҳамкории пайвастаи Тоҷикистону Созмони Милал барои таъмини дастрасии васеи аҳолии […]

ASIA-Plus


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Котиботи механизми «Созмони Милали Муттаҳид ва ОБ» хонум Кенза Робинсонро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матуботи сарвари давлат хабар доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид (СММ), пеш аз ҳама дар соҳаи об баррасӣ шуд.

 Аз самараи ҳамкории пайвастаи Тоҷикистону Созмони Милал барои таъмини дастрасии васеи аҳолии сайёра ба оби тоза изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

 Бо пешниҳоди Тоҷикистон «Соли оби тоза» эълон шудани соли 2003, даҳсолаи «Амалиёти об барои ҳаёт» эълон гардидани солҳои 2005-2015, чун Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар арсаи об пазируфта шудани соли 2013 ва дар доираи ин ташаббусҳо амалӣ шудани тадбирҳои муассир дар тамоми ҷаҳон натиҷаи ин ҳамкории пурсамар маънидод гардид.

 Аз ҷараён ва натиҷаҳои Конфронси байналмилалии кунунии Душанбе оид ба об низ, ки идомаи тадбирҳои қаблӣ аст, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки натиҷаҳои он дар Конфронси СММ оид ба рушди устувор (РИО+20), ки дар шаҳри Рио де Жанейрои  Бразилия баргузор хоҳад шуд, ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд.

 Атрофи татбиқи амалии Консепсияи тадоруки чорабиниҳо барои истиқболи соли 2013, ки аз ҷониби Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардида, мавриди пазироии Котиботи механизми «Созмони Милали Муттаҳид ва ОБ» қарор дошт, гуфтугўйи судманд сурат гирифт.

 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин пешниҳод намуд, ки Конфронси ҷамъбастии соли байналмилалии ҳамкорӣ дар арсаи об (2013) дар шаҳри Душанбе баргузор гардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.