Вакилони парлумон бо муҳоҷирони тоҷики шаҳри Санкт-Петербург мулоқот оростанд

Вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Саттор Холов ва Исмоил Талбаков дар кори ҷаласаи комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС), ки рӯзҳои 18-23-юми октябри дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор шуданд, ширкат варзиданд . Тавре ба ОИ «Ази-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар доираи сафар ба […]

Аваз Юлдошев


Вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Саттор Холов ва Исмоил Талбаков дар кори ҷаласаи комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС), ки рӯзҳои 18-23-юми октябри дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор шуданд, ширкат варзиданд

.

Тавре ба ОИ «Ази-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар доираи сафар ба Санкт-Петербург вакилони парлумон ҳамчунин бо муҳоҷирини кории тоҷик, ки дар шаҳри Санкт-Петербург кору зиндагӣ доранд, мулоқот ороста, ба мушкилоти онҳо расидагӣ намуданд.

«Муҳоҷирони кории тоҷик аз вакилони парлумони Тоҷикистон дархост кардаанд, ки ба поин бурдани қимати билети ҳавопаймои хатсайри Душанбе-Санкт-Петербург-Душанбе мусоидат намоянд», – изҳор кард манбаъ.

Ба гуфтаи М. Султонов, зимни ин сафар вакил аз Ҳизби коммунисти парлумони Тоҷикистон Исмоил Талбаков бо роҳбари коммунистони шаҳри Санкт-Петербург Святослав Сокол вохӯрда, аз ӯ дархост кардааст, ки дар ҳалли мушкилоти муҳоҷирини кории тоҷик дар ин шаҳр мусоидат намояд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров аз вакилон дархост кард, ки зимни сафари корӣ ба Русия ҳатман бо муҳоҷирини кории тоҷик вохӯранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.