Баррасии як қатор лоиҳаи қонунҳо дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон

Таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он як қатор лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд. Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ишвар Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар Шӯро лоиҳаҳои қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни […]

ASIA-Plus


Таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он як қатор лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ишвар Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар Шӯро лоиҳаҳои қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд. Ба гуфтаи ӯ, раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Сайиди Ёқубзод, Сафаралӣ Раҷабов, муовини раиси кумитаи ин мақоми олии қонунгузор Галия Рабиева ва дигар аъзои Шӯро роҷеъ ба масъалаҳои ба Шӯро воридгардида фикру андешаҳои худро иброз дошта, таъкид науданд, ки лоиҳаҳои қонунҳои мазкур бо мақсади рушди соҳаҳои гуногуни мамлакат ва беҳтар гардидани вазъи некӯаҳволии аҳолӣ равона гардидаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.