Ҳуҷуми мусаллаҳона ба яке аз нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахт

Date:


Ба яке аз нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом дода шуд, ки бар асари он ду нафар ҷароҳат бардоштанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, шоми 24-уми октябр ду нафари ниқобпӯш ба нуқтаи мубдилаи асъори начандон дуртар аз бозори Шоҳмансур ворид шуда, бо таҳдид тавассути таппончаи Макаров кӯшиши ғорати нуқтаи мубодилаи асъорро кардаанд.

«Аммо соҳиби нуқтаи мубодилаи асъор Н.Н.-и 54-сола ва писарони ӯ ба онҳо муқобилат нишон додаанд, ки дар натиҷа яке аз писарон аз пои чап ва писари дигарӣ аз дасту қафаси сина ва сар ҷароҳат бардоштаанд», – гуфтанд дар вазорат.

Зикр гардид, ки писарони соҳиби нуқтаи мубодилаи асъор ба беморхона бистарӣ шуданд. Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, айни замон ҷиҳати ошкор сохтан ва боздошти ҷинояткорон чораҳои фавриву ҷустуҷӯйӣ андешида мешаванд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...