Бори нахуст ҳафт ширкати Тоҷикистон дар яке аз намоишгоҳҳои байнулмилалии маъруфи текстил ваа сарулибос дар Русия «Текстиллегпром», ки рӯзи 27-уми сентябр ба кор оғоз намуда, то 30-юми сентябр идома меёбад, иштирок мекунанд.
Дар ин намоишгоҳ ширкатҳои тоҷикистонии «Гулистон», «Ёқут-2000», «Нафиса», «Текстил Сити», «Дилором», «Зинат» ва «Лидер» маҳсулти худ ро ба маърази тамошо мегузоранд.
Иштироки ширкатҳои тоҷикистонӣ дар ин намоишгоҳ дар чаҳорчӯби Барномаи пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби Маркази тиҷорати байнулмилалӣ бо маблағгузории Котиботи давлатии Швейтсария оид ба масоили иқтисодӣ (SECO) амалӣ мешавад, созмон дода шудааст.
Қобили зикр аст, ки намоишгоҳи мазкур дар як сол ду маротиба доир гардида, дар кори он беш аз 2500 корхонаҳои зиёда аз 3000 ширкатҳои тиҷоратӣ ва саноатии 27 кишвари ҷаҳон ширкат меварзанд. Аз намоишгоҳ 34 ҳазор коршиносону мутахассисони соҳа боздид менамоянд.