Тоҷикистон ба тайёр кардани кадрҳои низомии Афғонистон изҳори омодагӣ кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини аввали раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон маршал Муҳаммад Қасим Фаҳимхонро ба ҳузур пазируфт. Тавре аз хадамоти матботи сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, дарёфти роҳҳои нав ва шаклу василаҳои самараноки ҳамкории гуногунарсаи мутақобилан судманд баррасӣ шуд.  Таваҷҷуҳи хос ба масъалаҳои татбиқи барномаи ҳамкории энергетикии ду […]

ASIA-Plus


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини аввали раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон маршал Муҳаммад Қасим Фаҳимхонро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матботи сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, дарёфти роҳҳои нав ва шаклу василаҳои самараноки ҳамкории гуногунарсаи мутақобилан судманд баррасӣ шуд.

 Таваҷҷуҳи хос ба масъалаҳои татбиқи барномаи ҳамкории энергетикии ду кишвар сурат гирифт. Аз омода шудани хатти интиқоли барқи Сангтўда-Қундуз-Пули Хумрӣ ва имкони оянда афзоиш додани интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон изҳори хушнудӣ карда шуд.

 Ба густариши бештари ҳамкории иқтисодӣ ва зербиноии ду кишвар, татбиқи муваффақона ва босуръати барномаҳои бузурги ҳамкорӣ, аз ҷумла ба бунёди хаттҳои дигари интиқоли барқ ва роҳи оҳан изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

 Дар робита ба ин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар пуштибонии Тоҷикистон ва омодагии онро ба иштироки фаъол дар татбиқи амалии нақшаи эҳёи Роҳи нави Абрешим таъкид намуд.

 Рушду тақвияти ҳамгироии миёни сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар, аз ҷумла дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва истеҳсолу гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир зарур шумурда шуд. Омодагии Тоҷикистон барои идомаи омодасозии кадрҳои низомии Афғонистон таъкид гардид.

 Густариш ва тақвияти ҳамкории фарҳангӣ, аз ҷумла омодагӣ ба  Наврўзи байналмилалии 2012 дар шаҳри Душанбе низ аз мавзўъҳои суҳбат буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.