Ситораҳои эстрадаи кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе

Имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе  бо иштироки ситораҳои эстрадаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бори дуюм ҷашнвораи байнулмилалии «Фазои Иттиҳод» баргузор мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори генералии Муассисаи давлатии ташкили консертҳо ва сафарҳои ҳунарии «Базморо» Олим Акрамов хабар дод, Тоҷикистонро дар ин ҷашнвора сарояндагон Нозияи Кароматулло, Меҳрнигори Рустам ва Зикриоллоҳ Ҳакимов […]

Меҳрангез Турсунзода


Имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе  бо иштироки ситораҳои эстрадаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бори дуюм ҷашнвораи байнулмилалии «Фазои Иттиҳод» баргузор мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори генералии Муассисаи давлатии ташкили консертҳо ва сафарҳои ҳунарии «Базморо» Олим Акрамов хабар дод, Тоҷикистонро дар ин ҷашнвора сарояндагон Нозияи Кароматулло, Меҳрнигори Рустам ва Зикриоллоҳ Ҳакимов намояндагӣ мекунанд.

Дар ҷашнвораи мазкур аз Русия – сарояндагон Максим, Юлия Савичева ва Сергей Лазарев, Арманистон – Айк Каспаров, Озарбойҷон – Серан Исмоилхонов, Белорус – Алена Ланская, Қазоқистон – гурӯҳи «Роҳат Луқум», Молдова – Мишел, Қирғизистон – Ҷанета Бобкова ва Украина – гурӯҳи «Real O» иштирок мекунанд.

Созмондеҳи ҷашнвора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон буда, хароҷоти баргузории онро Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ ба ӯҳда дорад.

Ҷашнвораи якуми байнулмилалии «Фазои Иттиҳод» моҳи сентябри соли 2010 дар Душанбе доир гардид. Созмондиҳандагони ҷашнвора бар ин назаранд, ки ҷашнвораи мазкур бояд маҳз дар Душанбе баргузор гардад, зеро озмуни «Интервидение. Панҷ ситора» мебоист соли 2009 дар Тоҷикистон баргузор мешуд, вале бинобар ҷой доштани як қатор мушкилоти тадорукотӣ, доир нагардид.

Соли 2008 дар озмуни «Интервидение. Панҷ ситора» Тоҷикистонро Таҳмина Ниёзова намояндагӣ карда соҳиби Шоҳ-ҷоизаи озмун шуд ва тибқи муқаррарот озмуни навбатӣ мебоист дар ватани ғолиб баргузор мегардид. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.