Имзои созишномаи ҳамқорӣ миёни омбудсменҳои Тоҷикистону Русия

Дар шаҳри Маскав миёни Ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон ва Русия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Зери санади мазкур омбудсменҳои Тоҷикистону Русия Зариф Ализода ва Владимир Лукин имзо гузоштанд. Дар иттилоияи интишоршуда дар робита ба ин масъала, гуфта мешавад, худи ҳамин рӯз дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия вохӯрии Зариф Ализода бо дипломатҳои тоҷик, кормандони […]

ASIA-Plus


Дар шаҳри Маскав миёни Ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон ва Русия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Зери санади мазкур омбудсменҳои Тоҷикистону Русия Зариф Ализода ва Владимир Лукин имзо гузоштанд.

Дар иттилоияи интишоршуда дар робита ба ин масъала, гуфта мешавад, худи ҳамин рӯз дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия вохӯрии Зариф Ализода бо дипломатҳои тоҷик, кормандони Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ва ҳамчунин намояндагони диаспораҳои тоҷик баргузор шуд.

Дар ҷараёни сафар ба Русия Ализода ҳамчунин бо гурӯҳи ҳамватаноне, ки муваққатан дар Русия кору зиндагӣ доранд, мулоқот орост. Зимни мулоқот муҳоҷирони кории тоҷик ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон дар бораи мушкилоту душвориҳои мавҷудаи худ сухан гуфтанд.

Ҳамчунин дар бораи роҳандозии ҳамкории мутақобилаи зич бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Русия ва дигар созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон ҷиҳати ҳалли ҳарчи зудтари мушкилоти мавҷудаи муҳоҷирони корӣ пешниҳодҳо карда шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.