Сокини Суғд барои қатли духтари ноболиғаш ба 18,5 соли зиндон маҳкум шуд

Сокини Суғд барои қатли бераҳмонаи духтари ноболиғаш ба 18,5 соли зиндон маҳкум гардида, бо истифода аз қонуни афв ин мӯҳлат ду сол кам карда шуд. Тавре  ба ОИ «Азия-Плюс» додситони мақомоти додситонии вилояти Суғд Фирдавс Ҳаётов хабар дод, додгоҳ парвандаи ҷиноии мазкурро баррасӣ намуда, сокини 46-солаи ҷамоати Далёни Болои ноҳияи Ғончӣ Султон Саидовро дар содир […]

Мавлуда Рафиева


Сокини Суғд барои қатли бераҳмонаи духтари ноболиғаш ба 18,5 соли зиндон маҳкум гардида, бо истифода аз қонуни афв ин мӯҳлат ду сол кам карда шуд.

Тавре  ба ОИ «Азия-Плюс» додситони мақомоти додситонии вилояти Суғд Фирдавс Ҳаётов хабар дод, додгоҳ парвандаи ҷиноии мазкурро баррасӣ намуда, сокини 46-солаи ҷамоати Далёни Болои ноҳияи Ғончӣ Султон Саидовро дар содир намудани ҷиноят тибқи аломатҳои моддаи 104, қ.2 и КҶ ҶТ (бо бераҳмии махсус куштани баръало


ноболиғ ё шахсе, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштани ў барои гунаҳгор аён аст) муттаҳам донист.

Ба гуфтаи додситон, С. Саидов қаблан барои дуздӣ маҳкум гардида, моҳи июли соли равон аз маҳбас озод шудааст. Пас аз озодӣ ӯ баҳри кор дар бозор ба шаҳри Хуҷанд меравад. «Боре ҳамсараш ба ӯ занг зада, мегӯяд, ки шахсони номаълум духтари 15-солаи онҳоро ба автомашина шинонида, ба ҷое бурдаанд», – мегӯяд додситон.

Додситон дар идома гуфт, С.Саидов ба хона омада, огаҳ мегардад, ки духтараш бо хоҳишу иродаи худ ба автомашина нишаста, то деҳаи ҳамсоя рафтааст. Вале ин ӯро ором насохтааст. Дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ Саидов эътироф кардааст, ки бо ин рафтор духтараш дар назди ҳамдеҳагон обрӯи ӯро рехтааст ва ӯ тасмим гирифтааст, ки ӯро мекушад.

«Бо ин мақсад ӯ табари хоҷагиро гирифта, дар назди ҳамсараш ба сару рӯйи духтараш якчанд маротиба зарба мезанад. Чун мебинад, ки ӯ ҳоло ҳам зинда аст, қайчиро гирифта, бо як бераҳмии махсус якчанд маротиба ба тарафи чапи қафаси синаи фарзандаш зарба мезанад. Духтари нобилиғ пас аз ин дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст», – афзуд Ф. Ҳаётов.

Мӯҳлати ҷазоро маҳкумшуда дар зиндони низомаш шадид адо хоҳад кард.

Бино ба маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, дар зарфи 9 моҳи соли равон дар шаҳру навоҳии минтақаи шимоли кишвар 33 ҳодисаи одамкушӣ (ҳамин давраи соли гузашта – 37 ҳодиса) ба қайд гирифта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.