Намояндаи БҶ: Сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон то ҳанӯз ташвишовар аст

Бонки ҷаҳонӣ метавонад дар Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёдеро оид ба рушди бахши кишоварзӣ ва манотиқи деҳот, ки ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ равона гардидаанд, амалӣ созад. Дар ҷараёни семинари коршиносони Бонки ҷаҳонӣ дар Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон роҳбари бахши барномаҳои глобалии БҶ дар соҳаи рушди кишоварзӣ ва манотиқи деҳот Марк Кеклер дар ин хусус ибрози андеша намуда, таъкид […]

Пайрав Чоршанбиев


Бонки ҷаҳонӣ метавонад дар Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёдеро оид ба рушди бахши кишоварзӣ ва манотиқи деҳот, ки ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ равона гардидаанд, амалӣ созад.

Дар ҷараёни семинари коршиносони Бонки ҷаҳонӣ дар Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон роҳбари бахши барномаҳои глобалии БҶ дар соҳаи рушди кишоварзӣ ва манотиқи деҳот Марк Кеклер дар ин хусус ибрози андеша намуда, таъкид кард, ки ба ин монанд лоиҳаҳои бонк дар саросари ҷаҳон мувафақона татбиқ шудаанд ва агар коршиносон онҳоро муносибу қулай шуморанд, онҳо метавонанд дар Тоҷикистон низ амалӣ гарданд.

Кеклер қайд кард, ки 75%-и мардуми камбизоати ҷаҳон дар манотиқи деҳот зиндагӣ доранд ва аксари онҳо ба фермерӣ машғуланд. «Дар асри XXI бахши кишоварзӣ омили асосии коҳиши сатҳи камбизоатӣ, рушди иқтисод ва таъмини устувории экологӣ аст», – гуфт ӯ.

Дар навбати худ, роҳбари бахши БҶ оид ба рушди кишоварзӣ ва манотиқи деҳоти Аврупо ва Осиёи Марказӣ Дина Умали Дейнингер перомуни тамоили рушди бахши кишоварзии Тоҷикистон, монеъаҳои рушди босуръати он ва ҳамчунин имконоти афзоиши истеҳсолот ва даромад бо мақсади коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар манотиқи деҳоти кишвар изҳори назар намуд.

«Сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон то ҳанӯз ташвишовар аст ва рушди бахши кишоварзӣ дар деҳот тавассути афзоиши ҳаҷми даромад метавонад ба ҳалли ин мушкилот кумак расонад, – гуфт вай. – Дар робита ба кам будани заминҳои кишт дар қаламрави Тоҷикистон, афзоиши истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзӣ ва тақвияти ҳавасмандсозии фермерон барои ноил гардидан ба зиёд шудани сатҳи истеҳсолот барои тамоми ҷумҳурӣ басо муҳим аст».

Семинар бо муколамаи кушоду ошкоро анҷом ёфт, ки дар он иштирокчиён муҳим будани рушди бахши кишоварзӣ барои таъмини рушди иқтисодӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳуриро таъкид намуданд. Кеклер ва Дейлингер зикр карданд, ки «ҳарчанд методҳои гуногуни таъмини рушду афзоиш мавҷуд бошанд ҳам, рушди бахши кишоварзӣ ва  манотиқи деҳот то ҳанӯз муҳаррики калидӣ барои чунин рушду инкишоф дар саросари ҷаҳон, бахусус Тоҷикистон аст».

Сандуқи амалкунандаи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон аз 18 лоиҳа ба маблағи умумии 288 млн. доллари ИМА иборат аст. Миқдори зиёди ин маблағҳо ба рушди бахши кишоварзиву манотиқи деҳот (34%) равона гардида, тақсимоти маблағҳои боқимонда дар соҳаҳои дигар ба тариқи зайл аст: энергетикаву обёрӣ (29%), маориф (16%), сиёсати иқтисодӣ ва бахши давлатӣ (14% бо шумули дастгирии буҷет) ва тандурустӣ (8%).

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.