Эстония ба тақдири халабони эстонии дар Тоҷикистон ҳабсшуда таваҷҷӯҳ кард

Намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Эстония рӯзи 27-уми октябр бо ҳамтоҳои худ аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар тамос шуданд, то ки ҷузъиёти масъалаи ҳабси шаҳрванди ин кишвар, халабони ҳавопаймо Алексей Руденко дар Тоҷикистонро баррасӣ кунанд. Ғайр аз ин, Эстония расман ба сафоратхонаи Олмон дар шаҳри Душанбе муроҷиат карда, дархост намудаааст, ки ҳарчи зудтар барои вохӯрӣ […]

ASIA-Plus


Намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Эстония рӯзи 27-уми октябр бо ҳамтоҳои худ аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар тамос шуданд, то ки ҷузъиёти масъалаи ҳабси шаҳрванди ин кишвар, халабони ҳавопаймо Алексей Руденко дар Тоҷикистонро баррасӣ кунанд.

Ғайр аз ин, Эстония расман ба сафоратхонаи Олмон дар шаҳри Душанбе муроҷиат карда, дархост намудаааст, ки ҳарчи зудтар барои вохӯрӣ як дипломатро сафарбар созад.

Дар ин бора ВАО-и интернетӣ бо истинод ба ВКХ-и Эстония хабар медиҳанд.

Рӯзи 26-уми октябр ҷиҳати кумак ба вазорати мазкур хешовандони халабони ҳабсшуда муроҷиат кардаанд.

Чанде қабл намояндагони вазорат бо намояндагони ВКХ-и Тоҷикистон ва сафоратхзонаи Олмон дар Тоҷикистон дар тамос шуданд, то ки дар бораи боздошти шаҳрванди Эстония дар қаламрви Тоҷикистон маълумоти муфассал дастрас намоянд. «Вазорати корҳои хориҷӣ аз консули сафоратхонаи Олмон дархост кард, ки ҳарчи зудтар бо халабони ҳабсшуда мулоқот кунад. Тоҷикистон ба ҳабсшуда адвокат таъин кардааст», – хабар додаст ВКХ.

Сафорати Эстония дар шаҳри Маскав бо намояндагони ВКХ-и Русия ва сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон низ дар ин хусус гуфтушунид кардаанд. «Ҳамчунин зимни зарурат Эстония омода аст, ки дипломатии худро аз сафоратхона дар Қазоқистон ба Душанбе сафарбар намояд», – гуфтаанд дар вазорат.

Ёдрас мекунем, ки ба Алексей Руденко 13 соли зиндон таҳдид мекунад. Ҳамроҳи ӯ шаҳрванди Русия Владимир Садовничий низ дар маҳбас қарор дорад.

Ҳавопаймоҳое, ки таҳти идораи Садовничий ва Руденко қарор доштанд, барои ба Афғонистон расонидани маҳсулот ва борҳои гуманитарӣ истифода мешуданд.

Моҳи марти соли 2011 ба халабонони ҳавопаймоҳо супориш дода шуд, ки фурудгоҳи шаҳри Кобулро тарк созанд. Бо дастрасии иҷозат барои парвоз ба Тоҷикистон, онҳо ба самти фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа роҳ пеш гирифтанд.

Пас аз фуруд омадан дар фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа Садовничий ва Руденкоро ба ҳабс гирифта, онҳоро дар убури ғайриқонунии марзи давлатӣ, риоя накардани қоидаҳои парвозҳои байнулмилалӣ ва қочоқ муттаҳам донистанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...