Таҳияи барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ дар Тоҷикистон

Date:


Дар Тоҷикистон барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020 таҳия гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шӯъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихиву фарҳангии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Музафар Азизов хабар дод, барномаи мазкур бо супориши ҳукумати кишвар тайёр карда шудааст.

«Дар чаҳорчӯби барнома беш аз 35 адад ёдгориҳои бостоншиносиву меъмории воқеъ дар қаламрави Тоҷикистон таъмиру аз нобудшавӣ эмин ва эҳё мегарданд», – гуфт Азизов.

Ба қавли номбурда, барои амалисозии барнома аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳои сармоягузорӣ дар ҳаҷми 50 млн. сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад. «Айни замон барнома дар ҳукумат мавриди баррасӣ қарор дошта, ояндаи наздик тасдиқ мегардад», – афзуд ӯ.

Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз нимаи солҳои навадуми асри гузашта дар Тоҷикистон тадриҷан муҷассамаҳои даврони шӯравӣ барканда шуда, ба ивази онҳо муҷассамаҳои фарзандони барӯманди миллат қомат афрохтанд. Мавриди зикр аст, ки моҳи августи соли равон дар шаҳри Хоруғ муҷассамаи доҳии пролетариати ҷаҳон Ленин барканда шуда, ҷойи онро муҷассамаи асосгузори давлатдории тоҷикон Исмоили Сомонӣ гирифт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related