Ба курсии вакилӣ чор нафар номзадҳо довталабӣ мекунанд

Ба комиссияи интихоботии ҳавзаи Шоҳмансур, № 3-и шаҳри Душанбе дар бораи бақайдгирӣ ба сифати номзад ба вакилӣ чор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муроҷиат карданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ҳавзаи интихоботии мазкур Абдулло Холиқов хабар дод, ба сифати номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумони кишвар ҳуҷҷатҳои раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров, муовини ректори Донишгоҳи […]

Аваз Юлдошев


Ба комиссияи интихоботии ҳавзаи Шоҳмансур, № 3-и шаҳри Душанбе дар бораи бақайдгирӣ ба сифати номзад ба вакилӣ чор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муроҷиат карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ҳавзаи интихоботии мазкур Абдулло Холиқов хабар дод, ба сифати номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумони кишвар ҳуҷҷатҳои раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров, муовини ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, ғайриҳизбӣ Абдуқаҳҳор Турсунов, намояндаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сӯҳроб Шарифов ва намояндаи Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, соҳибкор Сӯҳроб Оймаҳмадов қабул шудаанд.

Мутобиқи қарори Комиссия марказии интихобот ва раъйдиҳии Тоҷикистон, бақайдгирии номзадҳо дар ҳавзаи интихоботии мазкур то санаи 19-уми ноябри соли равон идома меёбад.

Аввали ҳафтаи равон раиси Ҳизби сотсила-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров як изҳороте пахш намуд, ки дар он аз тамоми аҳзоби сиёсӣ ва аҳолии ҷумҳурӣ ҷиҳати таҳрим намудани маъракаи интихоби вакил ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аз ҳавзаи якмандатии №3-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт даъват ба амал оварда шуд.

«Тақдири интихобот дар кишвари мо маҳз дар комиссияҳои қитъавии интихоботӣ ҳал мешавад, ки ба ҳайати онҳо маъмулан намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шомиланд ва онҳо пинҳонӣ аз номзадҳои ҳизби ҳоким – Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон пуштибонӣ мекунанд», – таъкид кард Зойиров.

Ёдрас мекунем, ки пас аз даргузашти вакили МН МО ҶТ аз ҳавзаи интихоботии №3-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Сафаралӣ Раҷабов ҷойи як вакил аз ҳавзаи интихоботии мазкур холӣ монд.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.