Ҳисоботи телефонии раисони як қатор вилояту шаҳру навоҳӣ ба президент

Date:


Ба Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Фархор, Ҳамадонӣ, Восеъ ва Данғара доир ба омодагӣ ба зимистон ва  рафти киштукори тирамоҳӣ телефонӣ ахбор доданд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар мавриди омодагӣ ба зимистон таваҷҷуҳи зиёд ба захираи маводи сўхт дар муассисаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ташкили кори бонизоми онҳо дар мавсими сардӣ зоҳир карда шуд.

Сарвари давлат доир ба ҷамъоварии пурраи ҳосили меваю сабзавот ва пахтаи боқимонда  ва ҳамчунин доир ба вусъат додани киштукори тирамоҳӣ ба онҳо супоришҳои мушаххас дод.

Тибқи ахбори раиси вилояти Суғд киштукори тирамоҳӣ дар ҳудуди ин вилоят бояд то 15 ноябр ба анҷом расад. Дар вилояти Хатлон ва дигар шаҳру ноҳияҳо низ, тибқи ахбори роҳбарони онҳо, ин кор босуръат идома дорад.

Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки барои сари вақт анҷом додани киштукори тирамоҳӣ аз обу ҳавои мусоид  ва ҳар як рўзи офтобӣ пурсамар истифода баранд.  

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...