Таъсиси Шӯрои диаспораи тоҷикон дар Қрим

Ҳафтаи сипаригашта дар шаҳри Бахчисарай бо иштироки намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Украина ҷаласаи диаспораи тоҷикони Ҷумҳурии Автономии Қрим баргузор гардид. Дар кори ҷаласа ҳамватанони бурунмарзӣ, ки дар шаҳрҳои Симферепол, Севастопол, Евпатория, Судак ва Бахчисарай кору зиндагонӣ мекунанд, иштирок доштанд. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, масъалаи асосие, ки дар ҷаласа баррасӣ […]

ASIA-Plus


Ҳафтаи сипаригашта дар шаҳри Бахчисарай бо иштироки намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Украина ҷаласаи диаспораи тоҷикони Ҷумҳурии Автономии Қрим баргузор гардид. Дар кори ҷаласа ҳамватанони бурунмарзӣ, ки дар шаҳрҳои Симферепол, Севастопол, Евпатория, Судак ва Бахчисарай кору зиндагонӣ мекунанд, иштирок доштанд.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, масъалаи асосие, ки дар ҷаласа баррасӣ гардид, ташкили Шӯрои диаспораи тоҷикони Ҷумҳурии Автономии Қрим буд. Зимни муҳокимаронӣ ба Шӯро якчанд ҳамватанони фаъол аз шаҳру навоҳии мухталифи Қрим пешкаш гардиданд. Ба сифати Раиси Шӯрои диаспораи тоҷикони Қрим Ҳайбулло Кароматов аз шаҳри Севастопол интихоб гардид. Ҳамчунин вазифаҳои асосии Шӯро барои ояндаи наздик матраҳ шуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар охири ҷаласа намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Украина дар бораи фаъолияти Сафорат дар самти густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Украина маълумот доданд.

Қобили зикр аст, ки 8 сентябри соли 2011 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Киев ҷаласаи тадорукотии диаспораи тоҷик барпо гардид, ки дар он Шӯрои диаспораи тоҷик дар Украина бо роҳбарият ва намояндагони ҷамъиятҳои маҳаллӣ аз 13 вилояту минтақаи Украина таъсис дода шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.