Баррасии масъалаи таҳияи низоми ягонаи шомил шудан ба макотиби олӣ дар Душанбе

Рӯзҳои 18-19-уми ноябри соли 2011 бо ибтикори Институти «Ҷомеаи Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон бо ҳамкории вазорати маориф, Маркази миллии тестӣ ва Бонки Ҷаҳонӣ дар Маркази исмоилияи ш. Душанбе мизи гирд оид ба масоили рушди системаи санҷиши миллӣ барои шомил шудан ба макотиби олии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар сӯҳбати мизи гирд амалӣ намудани системаи ягонаи […]

ASIA-Plus


Рӯзҳои 18-19-уми ноябри соли 2011 бо ибтикори Институти «Ҷомеаи Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон бо ҳамкории вазорати маориф, Маркази миллии тестӣ ва Бонки Ҷаҳонӣ дар Маркази исмоилияи ш. Душанбе мизи гирд оид ба масоили рушди системаи санҷиши миллӣ барои шомил шудан ба макотиби олии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Дар сӯҳбати мизи гирд амалӣ намудани системаи ягонаи имтиҳоноти дохилшавӣ, шартҳои умумии интихобу шомилшавии довталабон ба макотиби олӣ ва нақши донишгоҳҳо дар ситемаи мазкур баррасӣ мешаванд.  Ҳамчунин дар мизи гирд таҳлили таҷрибаи кишварҳои дигари минтақа оид ба рушди системаи ягонаи санҷишӣ барои шомилшавӣ ба макотиби олӣ дар назар аст. 

Дар сӯҳбати мизи гирд намояндаҳои Дастгоҳи Иҷроияи Раиси Ҷумҳур, вазорати маориф, идораҳои вилоятӣ ва шӯъбаҳои ноҳиявии маориф, макотиби олӣ,  Академияи таҳсилот, Маркази миллии тестӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ), Ташкилоти олмонӣ оид ба ҳамкориҳои техникӣ, Оҷонсии рушди байналмилалии ИМА, Хазинаи Оғо Хон иштирок хоҳанд кард. Ҳамчунин дар мизи гирд мушовирони байналмилалӣ аз Бунёди «Ҷомеаи Кушода», Барномаи дастгирии таҳсилоти Лондон  (ESP), Anglia assessment LTD ва  Шабакаи марказҳои сиёсати таҳсилотии  Хорватия ширкат мекунанд.

Дар чаҳорчӯбаи самти афзалиятноки Институти «Ҷомеаи Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон аз соли 2010 ин ҷониб мусоидат кардан ба фаъолияти Маркази миллии тестӣ идома дорад. Буҷаи умумии лоиҳаи мазкур 1 млн. 200 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.   Лоиҳа бо дастгирии коршиносони байналмилалии  Anglia Assessment LTD амалӣ карда мешавад. Дар ҳамин давраи фаъолият натиҷаҳои хуб ба даст омаданд. Аз ҷумла, барои мураттибони санҷишномаҳо аз фанҳои  математика, таъриху ҳуқуқ, забони модарӣ/русӣ, физика, химия, биология, география, забонҳои хориҷӣ (англисӣ, немисӣ, франсузӣ) семинарҳо гузаронида шуданд.  Ҳамчунин  санҷишномаҳои фаннӣ таҳия гардида дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ҷумҳурӣ таҷриба карда шуданд. Маълумоти омории аз таҷриба бадастомада барои беҳтар кардани сифати санҷишномаҳо мусоидат карданд. Дар натиҷа бори аввал дар ҷумҳурӣ санҷишномаҳои таҳиягардида ҳамчун ченаки дониши хонандагон пазируфта шуданд, ки ба стандартҳои муосир мувофиқат мекунанд. Ҳамчунин барои муаллимон буклетҳо омода карда шуданд, ки оид ба системаи марказонишудаи тестӣ, раванди таҳияи пояи супоришу суолҳои санҷишӣ иттилоъ дода, намунаи санҷишномаҳоро аз фанҳои асосӣ дар бар мегиранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.