Нигаронии раиси пойтахт аз вазъи нақлиёти мусофирбари шаҳр

Чанде қабл дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид. Тавре котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, дар ҷаласа аз ҷониби М. Убайдуллоев  дар радифи масоили мубрами хоҷагидории шаҳр, иҷрои саривақтии нақшаи ҷамъоварии андозҳо,  қабл аз ҳама ба ҷараёни омодагиҳои Мақомоти […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Тавре котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, дар ҷаласа аз ҷониби М. Убайдуллоев  дар радифи масоили мубрами хоҷагидории шаҳр, иҷрои саривақтии нақшаи ҷамъоварии андозҳо,  қабл аз ҳама ба ҷараёни омодагиҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба омодасозии Наврӯзгоҳи пойтахт ва ҳудуди фарогири марбут ба ободонии он ба таҷлили сазовори ҷашни Наврӯзи байналмилалии 2012,  шинонидани дарахтони нақшавӣ бо истифода аз муносиб омадани боду ҳаво дар минтақаҳои мавриди таваҷҷӯҳи он изҳори назар ва масъалагузориҳо сурат гирифт.

Аз ҷумла зикр гардид, ки бо вуҷуди тибқи нақшаи тасдиқгардида дар ҳама самтҳои омодагӣ корҳо бо вусъат ҷараён ёфтан, масъалаи дарахтшинонӣ ва бунёди гулгашту фаввораҳо дар қисмати шимолу ғарбии минтақаи Наврӯзгоҳи пойтахт таваҷҷӯҳи хосаро талаб дошта, заҳмати шабонарӯзиро тақозо менамояд. 

Бо ин мақсад дар ҷаласа  барои ҷалб ва истифодаи максадноки потенсиали олимони соҳаи ботаника, институтҳо ва муассисаҳои ниҳолпарварии дар ҳудуди шаҳр новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ фаъолиятдошта гурӯҳи махсуси корӣ барои фаъолияти ҳамоҳангӣ онҳо созмон дода шуд ва муқаррар гардид,  ки  ҳар ҳарфта рӯзҳои шанбе ҷамъбасти фаъолияти анҷомдодаи он дар ҷаласаи назди Раиси шаҳри Душанбе натиҷагирӣ карда мешавад.

Дар ҷаласа М. Убайдуллоев бо хулоса аз натиҷаи барфи аввал нисбати фаъолияти системаи нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятии шаҳр изҳори нигаронӣ намуда, дастур фармуд, ки зери масъулияти муовини Раиси шаҳри Душанбе А. Оев ва директори  Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» А. Шералиев фаъолияти Ситоди марбутаи шаҳрӣ ва ҳама корхонаҳои нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ бо вусъат бахшидан, зери назорати қатъии ҷамъиятӣ гирифта шавад ва навбатдориҳои шабонарӯзӣ аз ҳисоби роҳбарияти аввали корхонаҳо дар мавсим ташкил карда шавад.

Бо таваҷҷӯҳ ба ҳолати аз ҷониби раисони ноҳияҳо поксозии саривақтии латокҳои ирригатсионии дар ҳудуди ноҳияҳои шаҳр мавҷуд буда, ба масъулини соҳа дастур фармуд, ки нисбати вазъи санитарию экологӣ дар шаҳр ва сифати оби нӯшокии интиқолӣ ба аҳолӣ аҳамияти хосаву аввалиндараҷа зоҳир намоянд ва мақомоти дахлдори назорати давлатӣ  дар ин самт назоратро пурзӯр созанд.

Бо дахли масоили тирамоҳу зимистонгузаронӣ таваҷҷӯҳи масъулин ба тезонидани ҷараёни сохтмони Дегхонаи ғарбии Маркази барқу гармиистеҳсолкунии шаҳри Душанбе, ки аз ҳисоби маблағҳои пешпардохтии буҷети шаҳр аз ҷониби ШСХК «Барқи тоҷик» идома дорад, ба сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ, таъмини муназзами он ба аҳолӣ, дар ҳолати омодабош нигоҳ доштани захираҳои алтернативии истеҳсоли барқ ва гармӣ дар муассисаҳои иҷтимоӣ нигаронида шуд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки бо пешниҳоди миқдори зарурии маҳсулоти кишоварзию саноатии озуқавӣ болоравии нархҳо дар бозори истеъмолии шаҳр пешгирӣ карда шавад ва ҳолати заминҳои таъиноти боғиву назди муассисаву корхонаҳо барои истеҳсоли муваққати маҳсулоти кишоварзӣ мутобиқ буда дар шаҳр аз нигоҳи истифодаи мақсаднок мавриди санҷиши комиссияи салоҳиятдор қарор гирад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...