Тоҷикистон лоиҳаи қатъномаи СММ оид ба Афғонистонро дастгирӣ кард

Рӯзи 21 ноябри 2011 иҷлоси умумии Маҷмаи Умумии СММ баргузор шуд, ки дар он лоиҳаи қатънома таҳти унвони «Вазъият дар Афғонистон» бо иттифоқи оро қабул гардид. Тоҷикистон, чун анъана, ба рӯйхати бониёни лоиҳаи қатънома ҳамроҳ шуд. Дар қатъномаи мазкур тааҳҳуди ҷомеаи байналмилалӣ дар мавриди барқарор намудани сулҳу субот дар Афғонистон ва бозсозии он кишвар таъйид […]

ASIA-Plus


Рӯзи 21 ноябри 2011 иҷлоси умумии Маҷмаи Умумии СММ баргузор шуд, ки дар он лоиҳаи қатънома таҳти унвони «Вазъият дар Афғонистон» бо иттифоқи оро қабул гардид. Тоҷикистон, чун анъана, ба рӯйхати бониёни лоиҳаи қатънома ҳамроҳ шуд.

Дар қатъномаи мазкур тааҳҳуди ҷомеаи байналмилалӣ дар мавриди барқарор намудани сулҳу субот дар Афғонистон ва бозсозии он кишвар таъйид гардида, аз барномаи ҳукумати кишвар дар мавриди марҳала ба марҳала ба афғонҳо интиқол додани масъулият дар соҳаи амният истиқбол ва авз раванди мусолиҳа ва ҳамгиройӣ дар Афғонистон ҷонибдорӣ карда мешавад.

 Гузашта аз ин, қатъномаи Маҷмаи Умумӣ ба эҳтиром намудани ҳуқуқи инсон ва озодиҳои бунёдӣ дар Афғонистон даъват мекунад; зарурати густариш додани ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавиро бо Афғонистон дар мубориза бо истеҳсол ва қочоқи маводди мухаддир таъкид менамояд; дар мавриди мавҷуд будани талафоти зиёд дар байни мардуми осоишта изҳори нигаронӣ мекунад.

 Дар қатънома ҳангоми баррасии масъалаи ҳамкории минтақавӣ ба мулоқоти чорҷонибаи сарони давлатҳои Афғонистон, Покистон, Тоҷикистон ва Русия ва Панҷумин конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECСA V), ки 26-27 марти 2012 дар Душанбе баргузор хоҳад шуд, ишора рафтааст.

 Пеш аз қабул шудани лоиҳаи қатънома мубоҳисаҳо сурат гирифтанд, ки дар он дар қатори намояндагони Олмон, Афғонистон, Иттиҳоди Аврупо, Беларус (аз номи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ), Испания, Италия, Австралия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Малайзия, Покистон, Эрон, Россия, Ҳиндустон, Кореяи Ҷанубӣ, Британияи Кабир, ШМА, Туркия ва Япония ҷониби Тоҷикистон низ иштирок намуд.

 Дар суханронии худ ҳайати кишвар саҳми Тоҷикистон дар барқарорсозии Афғонистон ва аҳамияти амалӣ намудани лоиҳаҳо дар соҳаҳои барои он кишвар ва минтақа авлавиятнокро таъкид сохт.

Намояндаи доимии Тоҷимкистон дар СММ Сироҷиддин Аслов изҳор кард, ки Тоҷикистон ба изҳороти Белорус, ки аз номи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ пешниҳод гардидааст, ҳамроҳ мешавад.

Намояндаи доимиии ҶТ дар СММ таъкид кард, ки Тоҷикистон ба вазъи Афғонистон бетараф буда наметавонад ва ҳар ду кишварҳои ҳамсоя дар таҳкими муносибатҳои минбаъда, густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар бахшҳои гуногун манфиатдоранд.

«Тоҷикистон аз стратегияи танзими комплексии танзими вазъ ва барқарорсозии иқтисоди Афғонисон пуштибонӣ намуда, дар ин самт ҷалби Афғонистон ба раванди ҳамгиройии минтақавӣ тавассути роҳандозии ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ бо кишварҳои ҳамсояро муҳим мешуморад», – таъкид кард Аслов.

Номбурда дар суханронии худ аҳамияти бузург доштани лоиҳаи сохтмони хатти интиқоли барқи CASA-1000-ро таъкид сохта, ҳамчунин изҳор кард, ки Тоҷикистон сохтмони лӯлаи интиқоли газ аз Туркманистон тавассути қламрави Афғонистон ба Тоҷикистону Покистонро низ дастгирӣ менамояд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.