Қимати бензин дар Тоҷикистон боз боло рафт

Арзиши бензин дар Тоҷикистон дар қиёс бо моҳи гузашта қариб ба андозаи 9% боло рафт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, айни замон дар шаҳри Душанбе қимати як литр бензини навъи АИ-92 – 7,20 ва АИ-95 – 7,50 сомониро ташкил медиҳад ва ин дар ҳолест, ки арзиши онҳо […]

Заррина Эргашева


Арзиши бензин дар Тоҷикистон дар қиёс бо моҳи гузашта қариб ба андозаи 9% боло рафт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, айни замон дар шаҳри Душанбе қимати як литр бензини навъи АИ-92 – 7,20 ва АИ-95 – 7,50 сомониро ташкил медиҳад ва ин дар ҳолест, ки арзиши онҳо дар моҳи гузашта мутаносибан ба 6,70 ва 7,20 сомонӣ баробар буд.

Мониторинги нархҳо нишон дод, ки сар аз соли равон арзиши навъи аз ҳама серхаридортарини бензин – АИ-92 ба ҳисоби миёна ба андозаи 59,8% ва нисбат ба моҳи ноябри соли гузашта ба миқдори 69% зиёд шудааст.

Аз мақомоти зиддиинҳисории кишвар хабар доданд, ки қимати бензин ҳанӯз то моҳи ноябр мувофиқа ва тасдиқ шуда буданд.

«Арзиши бензин бояд аз 1-уми ноябр боло мерафт, вале бинобар назардошти идҳо, мо тасмим гирифтем, ки онро каме мутаваққиф созем, то ки он ба нархҳои маҳсулоти дигар низ таъсир нарасонад. Аммо нархҳо хоҳ нохоҳ афзоиш ёфтанд. Ин таҷриба гувоҳи он аст, ки на ҳамеша арзиши маводи сӯзишворӣ ба болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ боис мегардад, балки ин ҷо дигар омилҳо низ мавҷуданд», – гуфт манбаъ.

Ғайр аз ин, дар хадамоти зиддиинҳисорӣ зикр намуданд, ки чун феълан шохаи роҳи оҳани Тирмиз-Қӯрғонтеппа аз фаъолият бозмондааст, интиқоли бор, аз ҷумла маводи сӯзишворӣ ба ҷануби кишвар ғайриимкон аст ва ин ҳам метавонад ба камбуд ва болоравии қимати маводи сӯзишворӣ дар ин минтақа боис гардад.

«Дар ин ҳол маводи сӯзишворӣ ба минтақаи ҷануби кишвар аз пойтахт интиқол мегардад. Ин боиси хароҷоти иловагӣ гардида, ба арзиши бензин бетаъсир нахоҳад буд», – афзуданд дар хадамот.

Бино ба маълумоти Хадамоти зиддиинҳисории кишвар, айни замон дар бозори маводи сӯзишвории Тоҷикистон ширкатҳои зиёде фаъолият доранд, вале 6-тои онҳо дар он мавқеъи бузург доранд. Инҳо – ҶДММ «Газпромнефт-Тоҷикистон» бо касби 51,9%-и ҳиссаи бозор, ҶДММ «Нури Дилшод» – 5,3% -и ҳисса, ҶДММ «Анахито» – 3,6%-и ҳисса, ҶДММ «Озод Интернейшнл» – 4,6%-и ҳисса, ҶСП «Хонақоҳ маҳсулоти нафтӣ» – 4,4%-и ҳисса ва ҶДММ «Умед-88» – 2,3%-и ҳиссаи бозор мебошанд. Ба дигар субъектҳои хоҷагидор ва соҳибкорони инфиродӣ 27,7%-и ҳиссаи ин бозор рост меояд.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.