В. Садовничий: Ман ҳис кардам, ки Русия пуштибони ман аст

Халабони рус Владимир Садовничий, ки аз толори додгоҳ мутобиқи қонуни афв озод карда шуд, пас аз озодӣ дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор кард, ки дар маҷмӯъ аз қарори Ҳайати мушовара оид ба парвандаҳои ҷиноии вилояти Хатлон қаноатманд аст. «Аз ҳама муҳимаш ин аст, ки айни замон мо озодем», – гуфт халабон. Дар ҳамин ҳол, ӯ аз […]

Сайраҳмон Назриев


Халабони рус Владимир Садовничий, ки аз толори додгоҳ мутобиқи қонуни афв озод карда шуд, пас аз озодӣ дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор кард, ки дар маҷмӯъ аз қарори Ҳайати мушовара оид ба парвандаҳои ҷиноии вилояти Хатлон қаноатманд аст.

«Аз ҳама муҳимаш ин аст, ки айни замон мо озодем», – гуфт халабон. Дар ҳамин ҳол, ӯ аз ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия пас аз содир шудани ҳукм ба онҳо изҳори нигаронӣ кард.

«Мардуми одӣ набояд азият кашад, истирдоди шаҳрвандони тоҷик аз Русия ғайриқонунӣ аст», – мегӯяд халабон. Садовничий ба ҳамаи шахсоне, ки зимни дар маҳбас будан ба онҳо дасти ёрӣ дароз карданду ба озодии онҳо мусоидат намуданд, изҳори миннатдорӣ кард.

«Танҳо пас аз дидор бо мушовири сафорати Русия дар Тоҷикистон Дмитрий Кабаев ман ҳис кардам, ки Русия пуштибони ман аст», – афзуд Садовничий.

Ёдрас мекунем, ки додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа шаҳрванди Русия, халабони ҳавопаймо Владимир Садовничийро дар даст доштан ба ҷиноёти қочоқ, убури ғайриқонунии марзи давлатии Тоҷикистон ва риоя накардани тартиботи парвозҳои байнулмилалӣ муттаҳам дониста, ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард. Маҳз пас аз содир шудани ҳукм муносиботи Тоҷикистону Русия ба сардӣ гароид.

Халабони дигар, шаҳрванди Эстония Алесей Руденко низ ба ҳамин мӯҳлат аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Ҳукми мазкур дар ҷомеаи Русия вокунишҳои пурсарусадое ба бор овард. Дар партави он президенти Русия Дмитрий Медведев изҳор дошт, ки Русия низ метавонад нисбат ба Тоҷикистон посухи муносиб андешад. Дар навбати худ, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараёни вазъ атрофи қазияи мазкурро таҳти назорати шахсии худ қарор дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.