Дар ҷануби кишвар ба фермерони Чин 170 гектар замин ба иҷора доданд

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон соҳибкорони Чин беш аз 170 гектар заминҳои киштро ба иҷора гирифтанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур хабар доданд, соли гузашта соҳибкорони Чин дар майдони 40 гектар шолӣ кишт намуда, аз ҳар як гектар 90 сентнерӣ ҳосил ба даст овардаанд. «Соли равон соҳибкорон ба […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+


Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон соҳибкорони Чин беш аз 170 гектар заминҳои киштро ба иҷора гирифтанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур хабар доданд, соли гузашта соҳибкорони Чин дар майдони 40 гектар шолӣ кишт намуда, аз ҳар як гектар 90 сентнерӣ ҳосил ба даст овардаанд.

«Соли равон соҳибкорон ба ҳукумати ноҳия муроҷиат карда, боз ба онҳо 190 гектар қитъаи замини иловагӣ барои парвариши ин зироат ба иҷора дода шуд», – гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки соҳибкорони Чин ваъда додаанд, ки дар ноҳия маркази техникии муосир ташкил хоҳанд кард, ки аз он хоҷагиҳои маҳаллии фермерӣ низ метавонанд истифода кунанд ва дар ин марказ 60 ҷойи нави корӣ муҳайё мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.