Маъракаи хайрия барои кӯдакони имконияташон маҳдуд

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон – 3 декабр Институти «Ҷомеаи Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Ширкати алоқаи мобилии Tcell, Ассосиатсияи волидони кӯдакони имконияташон маҳдуд, СҶ «Киштӣ»  дар Театри русии драмавии ба номи В. Маяковский маъракаи хайрияро оид ба дастгирии кӯдакони имкониятошон маҳдуд бо унвони «Мо гуногун, вале баробарем» […]


Бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон – 3 декабр Институти «Ҷомеаи Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Ширкати алоқаи мобилии Tcell, Ассосиатсияи волидони кӯдакони имконияташон маҳдуд, СҶ «Киштӣ»  дар Театри русии драмавии ба номи В. Маяковский маъракаи хайрияро оид ба дастгирии кӯдакони имкониятошон маҳдуд бо унвони «Мо гуногун, вале баробарем» баргузор мекунад. 

Тавре аз намояндагии Институти «Ҷомеаи Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон хабар доданд, дар чаҳорчӯбаи чорабинии мазкур барномаи идона ва маъракаи хайрия барои 200 нафар кӯдакони аз 3-сола то 15- солаи  муассиссаҳои томактабии №79, 117, 52, 129 ва мактабҳои №2, 28-и шаҳри Душанбе доир карда мешавад.   Дар чорабинӣ волидони кӯдакони имконияташон маҳдуд низ ширкат мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, дар маъракаи мазкур бештар ба он таваҷҷӯҳ карда мешавад, ки  дар чорабиниҳои фарҳангӣ кӯдакони имконияташон маҳдуд низ амалан иштирок намоянд ва бо ин ширкати онҳоро дар ҳаёти иҷтимоӣ тавсеа бахшанд. Аз ҷумла, дар барномаи консертӣ гурӯҳи эҷодии мактабу муассисаҳои томактабии кӯдакони имконияташон маҳдуд дар қатори гӯрӯҳи «Шамс» ва ҳунарпешаҳои Театри русии драмавии ба номи В. Маяковский баромад мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.