Нахуствазири ҷумҳурӣ ба Бишкек рафт

Date:


Нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ҷиҳати иштирок дар маросими расмии сари мансаб омадани президенти нави Қирғизистон Алмосбек Отамбоев, ки имрӯз дар шаҳри Бишкек баргузор мешавад, ба пойтахти ин кишвари ҳамсоя сафар кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар чаҳорчӯби иштирок дар ин чорабинӣ Оқил Оқилов ҳамчунин бо сарони ҳайати як қатор кишварҳое, ки дар маросими савгандёдкунӣ ва расман сари вазифа омадани президенти нави Қирғизистон иштирок мекунанд, дидору гуфтушунид хоҳад кард.

Қаблан як сарчашма аз ҳукумати кишвар ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор карда буд, ки дар маросими мазкур президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат хоҳад варзид.

Ёдрас мекунем, ки бо фармони президенти амалкунандаи Қирғизистон Роза Отунбоева санаи расман ба иҷрои вазифа шурӯъ кардани президенти нави Қирғизистон ба 1-уми декабр таъин шуд. Барои баргузории ин маросим кумитаи тадорукотӣ таъсис дода шудааст, ки барномаи чорабиниҳоро таҳия месозад.

Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар маъракаи интихоботи президентӣ дар таърихи 30-юми октябр бо касби 1 млн. 161 ҳазор раъй пирӯзӣ ба даст овард. Дар маъракаи интихоботии пешин, ки моҳи июли соли 2009 баргузор шуда буд, ӯ танҳо ба 195 ҳазор овоз соҳиб гардида буд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related