Омбудсменҳои Тоҷикистону вилояти Свердловск созишнома ба имзо расониданд

Чанде қабл дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ ва мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони вилояти Свердловски Федератсия Россия Татьяна Мерзлякова бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода баргузор гардид. Тавре аз мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон хабар доданд, дар доираи вохӯрӣ дар ҳузури […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ ва мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони вилояти Свердловски Федератсия Россия Татьяна Мерзлякова бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода баргузор гардид.

Тавре аз мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон хабар доданд, дар доираи вохӯрӣ дар ҳузури намояндагони васоити ахбори омма Т. Мерзлякова ва З. Ализода Созишномаи ҳамкории байни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони вилояти Свердловски Федератсияи Россияро ба имзо расониданд, ки яке аз бандҳои асосии он мусоидат ба ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон ва аъзои оилаи онҳо мебошад.

Бино ба иттилои манбаъ, Т. Мерзлякова зимни суханронии худ қайд намуд, ки дар миёни муҳоҷирони меҳнатии дар вилояти Свердловск кору фаъолиятбаранда муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳо  аксариятро ташкил медиҳанд, ки имзои ин Созишнома ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо мусоидат хоҳад кард.

Зикр гардид, ки зимни вохўрӣ ҷонибҳо аз фаъолияти худ дар самти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд табодули назар намуда, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.