Дар шарқи ҷумҳурӣ садамаи нақлиёт ҷони як танро рабуд

Дар минтақаи шарқи ҷумҳурӣ як ҳодисаи садамаи нақлиёт рух дод, ки боиси талафоти ҷонӣ гашт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз РБДА Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, шаби 5-уми декабр ронандаи автомашинаи тамғаи Mitsubishi Pajero, сокини 58-солаи шаҳри Душанбе М.И. ҳангоми ҳаракат дар километри 394-уми роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ, дар мавзеи Марғизори ноҳияи Дарвози ВМКБ аз […]

Наргис Ҳамробоева


Дар минтақаи шарқи ҷумҳурӣ як ҳодисаи садамаи нақлиёт рух дод, ки боиси талафоти ҷонӣ гашт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз РБДА Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, шаби 5-уми декабр ронандаи автомашинаи тамғаи Mitsubishi Pajero, сокини 58-солаи шаҳри Душанбе М.И. ҳангоми ҳаракат дар километри 394-уми роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ, дар мавзеи Марғизори ноҳияи Дарвози ВМКБ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, он аз ҷарии 30-метр ба рӯдхонаи Панҷ сарозер мешавад.

«Дар натиҷа яке аз се мусофирон – сокини 36-солаи ноҳияи Ванҷ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронанда ва мусофирони дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморхона бистарӣ шудаанд», – гуфт манбаъ.

Бино ба маълумоти Раёсат Бозрасии давлатии автомобили кишвар, шабонарӯзи ахир дар Тоҷикистон 6 ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо шаш нафар ҳалок ва се тан ҷароҳат бардоштаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.