Сӯҳроб Шарифов: Путин гарави субот ва рушди Русия аст

Эътирозҳои Маскав дар марҳилаи кунунии рушди кишварҳои собиқ шӯравӣ пас аз интихоботҳо хоси  ҳамаи ин кишварҳост, – мегӯяд роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сӯҳроб Шарифов. «Пас аз интихобот ҳамеша гурӯҳе қаноатманду гурӯҳи дигар норозиянд ва норозиҳо бар ин назаранд, ки имконоти маъмурӣ истифода шудаасту маъракаи интихоботӣ шафоф набуд ва мухолифони мағлуб маъмулан чунин […]

Наргис Ҳамробоева


Эътирозҳои Маскав дар марҳилаи кунунии рушди кишварҳои собиқ шӯравӣ пас аз интихоботҳо хоси  ҳамаи ин кишварҳост, – мегӯяд роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сӯҳроб Шарифов.

«Пас аз интихобот ҳамеша гурӯҳе қаноатманду гурӯҳи дигар норозиянд ва норозиҳо бар ин назаранд, ки имконоти маъмурӣ истифода шудаасту маъракаи интихоботӣ шафоф набуд ва мухолифони мағлуб маъмулан чунин рафтор мекунанд», – мегӯяд вай.

Коршинос чунин мешуморад, ки дар вазъи мавҷуда дар Русия ҳеҷ аломатҳои ҷинояткорӣ нест, зеро агар чунин амалҳо дар чаҳорчӯби қонунгузорӣ баргузор шаванд, мухолифон ба он ҳуқуқ доранд.

«Ояндаи наздик мавҷи эътирозҳо дар Русия ба анҷом расида, вазъ мисли пештара мӯътадил мегардад, – мӯътақид аст ӯ. – Путин гарави субот ва рушди Русия аст, аз ин рӯ, гумон намекунам, ки мавҷи эътирозҳо аз қаламрави Маскав берун рафта, аз Владивосток то Калининградро фаро гирад».

Ба андешаи директори МТС, Русия дар марҳилаи муайяни рушди демокртаия қарор дорад ва дастовардҳои ӯ дар ин самт ба ҷуз кишварҳои Назди Балтик, аз дастовардҳои кишварҳои дигар собиқ шӯравӣ ҳеҷ тафовуте надорад.

Сӯҳроб Шарифов мегӯяд, айни замон наметавон гуфт, ки дар Русия ҳодисаи фавқулоддае ҷараён дорад. «Дар Тоҷикистон низ аҳзоби сиёсӣ пас аз интихобот норозигӣ изҳор карда буданд, вале дар мо чунин эътирози оммавӣ ва гирдиҳамойиҳо сурат нагирифтанд. Минбаъд агар фарҳанги эътироз дар чаҳорчӯби қонунгузорӣ рушд ёбад, дар Тоҷикистон низ ба вуқӯъ пайвастани ба ин монанд вокуниш ба натиҷаҳои интихобот аз эҳтимол дур нест, – иброз дошт Шарифов. — Ин ба сатҳи фарҳанги сиёсӣ, қабули рафтори муайян дар шароити демократия вобаста аст. Ин ҷо сатҳи баланди фарҳанги ҳуқуқӣ доштан зарур аст, яъне ин масъулияти афродест, ки зимни шаҳрвандони оддиро ба гирдиҳамоиҳо раҳнамун сохтан, бояд тартиботу қонунро дақиқ риоя намоянд». 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.